Миллиардери рус Олег Дерипаска аз мақоми президенти En+Group канор рафт. Ӯро моҳи март дар ин вазифа директори генералии ширкат Максим Соколов иваз мекунад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 23-юми феврал гузориш дод.
Нимаи аввали рӯзи ҷумъа, инчунин, маълум шуд, ки Дерипаска аз мақоми президенти ширкати алюминии "Русал" низ истеъфо дод. Нашрияи "Коммерсант" мегӯяд, истеъфои Дерипаска аз ин ду мақом ба хотима ёфтани кор бар рушди муассиса рабт дорад.
Ҳамзамон як манбаи беном ба "Коммерсант" гуфтааст, эҳтимол тасмимҳои миллиардер ба шомил шудани ӯ ба "рӯйхати Кремлин" - феҳрасти нафарони наздик ба Путин, ки дар ростои таҳримҳои Амрико қарор доранд, бастагӣ дорад.
Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати дигар, Дерипаска барнома дорад ба рушди гурӯҳи ГАЗ машғул шавад ва рафтани ӯ аз раҳбарии "Русал" ва En-Group ба таҳримҳои ИМА ва робитаи эҳтимолиаш бо муовини нахуствазири Русия Сергей Приходко, рабт надорад.
Ба гуфтаи бунёди Алексей Навалний, Приходко тобистони соли 2016 бо киштии Дерипаска сафар кард, бо ӯ дахолат ба умури интихоботи Амрикоро дар миён гузошт. Ин ҳодиса аз баракати Настя Рибка - яке аз духтароне, ки дар киштӣ буд, рӯи об баромад.
Дерипаска таҳқиқоти Навалнийро дурӯғ номид. "Роскомнадзор" аз Навалний талаб кард, ки дар асоси қарори додгоҳ видеои худро аз Ютуб бардорад.