Дар нимсолаи аввали соли 2018 аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар хоҳад расид. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аҳолии кишвар аз 8 миллиону 930 ҳазор нафар иборат аст.
Нуфусшумории охир дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта буд
Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор, рӯзи 20-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад”. Ин мақоми Агентии омор бо назардошти шумораи аҳолии то ин дам ба қайд гирифташуда гуфт, дар соли ҷорӣ аҳолии 9-миллионуми Тоҷикистон ба дунё хоҳад омад. Аммо Абдувалӣ Қулов гуфт, мушаххасан пешбинӣ кардани онки кай ин тифл ба дунё хоҳад омад, ҳоло душвор аст.
"Шумораи аҳолӣ, албатта, аз мизони таваллуд ва фавт вобаста аст, ки қобили пешбинӣ нест. Аммо пас аз семоҳаи аввал, тақрибан мо метавонем гӯем, ки дар кадом рӯзҳо эҳтимоли ба дунё омадани ин тифл вуҷуд дорад", - иброз дошт ӯ.
Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад.
Танзими ҳаждаҳсолаи оила
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2000-ум ба ин тараф сиёсати “танзими оила”-ро пеш гирифтааст. Тибқи ин барнома доштани то чаҳор фарзанд дар миёни оилаҳои тоҷик тарғиб мешавад. Ҳарчанд ин барнома танҳо хислати тавсиявӣ дорад ва дар назди оилаҳо ҳеч маҳдудияте дар таваллуди фарзанд намегузорад, мизони зоймон ба фарқ аз солҳои пешин дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар оғози солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон бар сари 1000 аҳолӣ таваллуди 36-37 кӯдак рост меомад.
Зуҳро Зоҳидова, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе, модари ду фарзанд аст. Ӯ гуфт, бо ҳамсараш ба қароре расиданд, ки тамоми нерӯяшонро барои тарбия ва таҳсили ду фарзандашон сарф кунанд. “Ману шавҳарам кор мекунем ва ба ҷуз аз маош даромади дигар надорем. Ба хулосае расидем, ки аз ин бештар фарзанд ба дунё наорем ва тамоми буду шудамонро барои саводнок кардани ин ду фарзандамон сарф кунем”, - афзуд ӯ.
Миллате, ки аз 35 миллион кам аст, осебпазир аст. Тоҷикон барои дар дунёи сиёсат овози худро пайдо кардан бояд то марраи 35 миллион расанд. Замини Точикистон, бе ягон навсозии обёриву кишоварзӣ тавони сер кардани 45-60 миллион шикамро дорадСавфат Бурҳонов
Се миллион аҳолии Тоҷикистон то 14-солаанд
Аммо бо вуҷуди коҳиши суръат, Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар минтақа дар ҷои аввал аст. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст. Наздик ба се миллион (2 миллиону 938) нафар аз аҳолии Тоҷикистон шахсони аз 1 то 14-соларо ташкил мекунанд. Дар даҳсолаи наздик ин артиши бузург вориди бозори кори кишвар хоҳанд шуд.
Афзоиши аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистон қобили муқоиса нест ва ин аст, ки шумораи ҷойҳои корӣ аз коргарон дида ба маротиб камтар аст. Ин аст, ки наздик ба 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар ҷустуҷӯи ҷои кор ба Русия мераванд.
Аммо бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон сиёсати танзими оила ва ҷилавгирӣ аз таввалуди фарзандро нодуруст мешуморанд ва мегӯянд, “камзаминии тоҷикон” набояд мояи камбинӣ ва эҷоди маҳдудият дар афзоиши миллат гардад.
"Миллате, ки 35 миллион аҳолӣ надорад..."
Сафват Бурҳонов, таҳлилгари тоҷики муқими Украина, мегӯяд, бинобар кам будани шумораи тоҷикон Тоҷикистон набояд барномаи кам кардани таваллудро роҳандозӣ кунад. Ӯ гуфт, “миллате, ки аз 35 миллион нафар кам аст, осебпазир аст. Тоҷикон барои дар дунёи сиёсат овози худро пайдо кардан бояд то марраи 35 миллион расанд. Замини Точикистон, бе ягон навсозии обёриву кишоварзӣ тавони сер кардани 45-60 миллион шикамро дорад”.
Нуфусшумории охир дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифт, ки тибқи натоиҷи он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 417 ҳазор нафар иборат буд. Қарор аст, нуфусшумори навбатӣ дар Тоҷикистон соли 2020-ум сурат бигирад.