Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода бознишаста шуд, Ҳамрализода ба мақоми пешинааш баргашт


Фаррух Ҳамрализода
Фаррух Ҳамрализода

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ ба тағйироти кадрӣ дар чанде аз ниҳодҳои давлатӣ даст зад. Бино ба фармони нави ӯ, Фаррух Ҳамрализода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд.

Ҳамрализода як сол пеш ба ҳайси раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон савганд ёд карда буд. Вай таҷрубаи кор дар мақоми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро низ дорад. Аз соли 2008 то 2009 раиси ҳамин ниҳод буд.

Фаррух Ҳамрализода дар мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо ва мушовири президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ кор кардааст.

Инчунин, рӯзи ҷумъа бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмад Раҳимзода бо сабаби бознишаста шудан аз мақоми раиси Маркази миллии қонунгузорӣ озод шудааст. Раҳимзода қаблан вакили Маҷлиси Намояндагон ва дар чанд интихоботи президентӣ аз афроди боварноки Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ҳоло бо фармони раиси ҷумҳур, Файзалӣ Идиев раиси нави Маркази миллии қонунгузорӣ таъйин шудааст.

Аз ин пеш, раиси ҷумҳур вазири молия ва раиси Хадамоти гумрукро иваз кард. Интизор меравад, тағйироти кадрӣ дар идораҳои дигари давлатӣ ҳам идома кунад.

XS
SM
MD
LG