Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшудаҳои "оши ҳарифона" шифо ёфтанд. ВИДЕО


Шаш сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз истеъмоли оши палав заҳролуд шуда буданд, шифо ёфта, аз беморхона ба хонаҳояшон баргаштанд. Ташхис маълум кардааст, ки онҳо аз истеъмоли “нитрати натрий”, ки дар пухтани оши палав гӯё иштибоҳан ба ҷои намаки ош истифода шудааст, заҳролуд шудаанд.

“Нитрати натрий” моддаи кимиёи монанд ба намаки ош аст, ки дар корхонаҳои таҳияи маводи ғизоӣ, мисли ҳасибу нон барои беҳтар кардани ранги онҳо ба кор мебаранд. Дар пайи заҳролудшавии одамон дар Хуҷанд аз палави дорои ин моддаи кимиёӣ, мақомот бозору фурӯшгоҳҳо ва ошхонаву тарабхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додааст.

Бархе сокинони маҳали ҳодиса то ба ҳол гумон доранд, ки ҳамсояҳои гирди деги палави ҳарифона ҷамъомада, аз нӯшидани шароби дастисохт заҳролуд шуданд.

Табибони беморхонаи шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ҷисми сокинони заҳролудшуда аз заҳри “нитрати натрий” пок карда шуд ва дигар ба ҳаёташон чизе таҳдид надорад. Саодат Аминҷонова, муовини сардухтури беморхонаи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, “заҳролудшудагон дар ҳолате ба беморхона оварда шуданд, ки баъди 5-6 соати истеъмоли палав дилбеҳузур шуда, қай мекарданд ва ранги дастонашон кабуд мешуд. Ҳоли онҳо дар чанд рӯз хуб шуд, таҳлилҳои такрорӣ тоза шудани организмашонро нишон дод ва ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.”

Ҳодисаи Хуҷанд чӣ гуна рух дод?

Ёдовар мешавам, ки 10 сокини маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд нимарӯзи 30-юми декабр дар боғчаи назди бинои зист палави ҳарифона пухта, аз истеъмоли он заҳролуд шуданд. 4 нафари онҳо ба ҳалокат расида, 8 нафар ба беморхона интиқол дода шуданд. Сипас, табибон баъди як рӯз ду нафар ва баъд ҳам 6 нафари боқимонда баъди муоинаву ташхис ва муолиҷа ба хонаҳояшон фиристоданд.

Дар пайи заҳролудшавиву ҳалокати одамон 4 нафар бар асари истеъмоли оши палав рейдҳо дар дӯкону мағозаҳои шаҳри Хуҷанд бештар шудааст. Бархе сокинон мегӯянд, хокаи “нитрати натрий” дар фурӯш аст, вале санҷишҳои чандрӯзаи мақомот ҳанӯз инро тасдиқ накардааст.

Дар Хуҷанд чор нафар аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Ҳарчанд нитрати натрий дар Тоҷикистон ба рӯйхати моддаҳои заҳрогини фурӯши озодашон манъшуда шомил нест, дар бозору мағозаҳо ба маърази фурӯш гузошта нашудааст. Бино ба иттилои додситонии Хуҷанд, корхонаҳои тавлиди ҳасиб нитрати натрийро аз Русия харидорӣ ва ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Ҳоло мақомоти тафтишотии ин ниҳод таҳқиқ дорад, ки чӣ тавр ин моддаи корбурдаш дар таҳияи ғизои хонагӣ барои ҳаёти инсон хатарнок, ба дасти одамон афтода, онро ҳам дар пухтани таом ба ҷои намаки ош истифода кардаанд. Ин ҳодиса тасодуфан ва надониста сурат гирифтааст ё қасдан? Дар ҳоли ҳозир парванда бар тибқи банди “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани одамон”, боз карда шудааст.

Норматов -- корманди бознишасти пулис

Аз ин 6 нафар заҳролудшуда 3 нафар аъзои як оила ва дигарон ҳамсояҳо дар микрорайони 19-и шаҳри Хуҷанд мебошанд. Зану шавҳар -- Абдуҷаббор Норматов ва ҳамсари ӯ Муборак Норматова аз бемористон мураххас шуда, ба хонаашон баргаштаанд.

Вақте, ки рӯзи 5-уми январ ба манзили онҳо рафтем, дарро ба рӯямон ҷавоне боз кард, ки худро писари Норматовҳо номид ва бо лаҳни шадид гуфт, волидайнаш намехоҳанд сӯҳбат кунанд.

Ӯ афзуд, онҳо як гурӯҳ палави ҳарифона пухта хӯрдаву заҳролуд шуданд ва чизи дигаре барои гуфтан надорад. Ва дарро ба рӯямон пӯшид. Зимнан, Абдуҷаббор Норматови 77-сола ба гуфтаи ҳамсояҳояш, қаблан корманди пулис буда, ҳоло бознишаста мебошад.

Ҳамин тавр, писари Аҳмадҷон Хоҷаев, раиси кумитаи бинои мазкур гуфт, ки падараш ронанда аст ва рӯзе қабл ба Русия сафар кардааст.

Боғчае дар канори бино, ки маҳфили солинавии палави ҳарифона дар он баргузор шуд ва бо заҳролудшавии ҳамсояҳо анҷомид, ба Абдуҷаббор Норматови 77-сола тааллуқ доштааст. Сокинони ин бино аз он, ки ӯ бо чӣ роҳе ин пораи замини назди биноро аз худ кардаву он ҷо як хоначаи хурд сохт ва ба манзили зисташ табдил дод ва дар гараже шабонгоҳон ғайриқонунӣ шароб мефурӯшад, шикоят карданд.

Аз шароб ё аз палав?

Зимнан, намунаҳои он шароби зоҳиран дастисохт, дар стакани пластикӣ ва шишаи лимонадро додситонии Хуҷанд мусодира кардааст. Аз ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки он шароб дар коргоҳи хурди маҳаллии шаробсозӣ сохта шудааст ва онро барои ташхис ба идораи “Тоҷикстандарт” фиристодаанд.

Зимнан, бархе сокинони маҳали ҳодиса то ба ҳол гумон доранд, ки ҳамсояҳои гирди деги палави ҳарифона ҷамъомада аз нӯшидани шароби дастисохт заҳролуд шуданд. Фарзияе, ки аз ҳамон рӯзи аввал сари забони сокинони маҳаллаи ҳодиса аст.

Вале додситонии Хуҷанд мегӯяд, ташхиси додгоҳиву тиббӣ маълум кард, ки аҳли маҳфили солинавӣ дар маҳаллаи 19-и Хуҷанд аз истеъмоли “нитрати натрий” дар таркиби палав заҳролуд шуда ва 4 нафарашон ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG