Шонасарак ё ҳудҳуд дар як пурсиши Анҷумани дӯстдорони табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон рамзи кӯҳсори Тоҷикистон дар соли 2018 интихоб шудааст. Ин интихоб ба хотири кӯмак дар ҳифзу нигаҳдории ин навъи парранда анҷом шудааст.
Нуралӣ Раҳимов, раҳбари Анҷумани дӯстдорони табиат ва гуногунии биологӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пурсишҳои онҳо дар заминаи интихоби паррандаи сол аз соли 2008 баргузор мешаванд ва то имрӯз чандин паррандаи нодири Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи муҳофизони табиат қарор гирифтаанд. Раҳимов гуфт, ки иқдоми интихоби паррандаи сол ҳар сол дар ҳамкорӣ бо шариконашон аз ташкилоти олмонии “Олами ҳайвоноти ёбоӣ” роҳандозӣ мешавад. Ҳадаф – аз хатари нобудшавӣ нигоҳ доштани паррандаҳо дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳудҳуд аз шумули паррандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳамин хотир ҳам дар “Китоби Сурх”-и Тоҷикистон ворид шудаст.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, баробари эълони озмуни "Паррандаи сол", тадбирҳои таблиғотӣ роҳандозӣ мешавад. Раҳимов афзуд: "Мо аллакай барои таҳияи тақвими соли 2018 бо акси шонасарак ва маълумот дар бораи он корро шурӯъ кардем ва ин тақвимҳо то санаи 1-уми январ нашр мешаванд. Аллакай тарҳи тақвим ҳам омода шудааст."
Ташаббускорон мегӯянд, онҳо ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон маросими махсуси дӯстдорони табиат ва биологҳоро барпо мекунанд ва интихоби "Паррандаи сол" аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ба паррандаҳо дар ин раъйдиҳӣ аз рӯи меъёрҳои зебоӣ, садои хушилҳон, кам будани теъдодашон дар табиат ва ба муҳофизат ниёз доштанашон, бартарӣ дода мешавад.
Маҷид Салим, муҳаққиқи табиатшинос, ки узви гурӯҳи доварон аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол “Шонасарак” аз миёни даҳ паррандаи нодир дар бахши паррандаи беҳтарини сол интихоб карда шуд. Вай гуфт “дар ин феҳраст инчунин исми лаклак, калмурғ, мурғи даштӣ, зоғчаи кабуд ва чанд паррандаи дигар пешниҳод шуд ва ширкатдорон аз тариқи овоздиҳӣ шонасарак ё ҳудҳудро паррандаи беҳтарини соли 2018 интихоб карданд. Вай гуфт “аз сабаби он, ки дар солҳои ахир маконҳои зиндагии шонасаракро ба заминҳои корам табдил додаанд, теъдоди ин навъи парранда дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Тадбирҳое, ки баъди ин озмун гирифта мешавад, бештар аз пахши матолиби иттилоотиву таблиғӣ ва огоҳонӣ иборат мешавад, то аз роҳи нашри хабару гузоришҳо, расму аксҳои паррандаи нодир сокинони кишвар аҳамияти ҳифзи ҷони ин паррандаро дарк кунанд. Ба ин хотир, қарор аст дар давоми соли оянда ҳамоишу дарсҳои илмии табиатшиносӣ дар мавзӯи “Паррандаи сол”, озмунҳои расмкашӣ миёни хонандагони мактаб ва пахши матолиб дар нашрияҳо роҳандозӣ шавад.
Ҳудҳуд яке аз паррандаҳои зебои хушсадо ба ҳисоб рафта, болои сараш тоҷ дорад ва ба ҳамин хотир исми дигари мардумиаш “шонасарак” аст. Болҳояш раҳ-раҳ ва нӯлаш борики дароз ст. Дар алафзору даштҳо бо истеъмоли ҳашарот ва гоҳо ҷонварони хурди мисли қурбоққаву калтакелас рӯз мегузаронад. Мисли ҳама дигар паррандаҳо барои табиат фоидаовар ба ҳисоб меравад, чун майдонҳои киштро аз ҳашароти зараровар пок мекунад.
Донишмандон мегӯянд, дар ҷаҳон шаш навъи ин парранда мавҷуд аст, ки зеботарин навъи он дар минтақаҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Умри миёнаи ин парранда то 8 сол буда, лонаи худро бештар дар дарахтон мегузорад.
Шонасарак миёни сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ҳамчунин бо номҳои ҳуд-ҳуд, мурғи сулаймон ва пупиш ном бурда мешавад. Аммо дар як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бораи ин парранда аксари сокинони ҷавони Душанбе гуфтанд, онро боре надидаанд. Танҳо бузургсолон дар бораи ин паррандаи нодир маълумот доранд. Нуриддин Умаров сокини 60-солаи Душанбе гуфт, шонасаракро ҳанӯз сӣ соли пеш бори охир дидааст.
Шонасарак - аз шумули паррандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳамин хотир ҳам дар “Китоби Сурх”-и Тоҷикистон ворид шудаст. Ба ин китоб аслан он навъи ҷонварону паррандагоне ворид мешаванд, ки бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ буда, муҳофизати махсусро талаб мекунанд. Табиатшиносон мегӯянд, бояд ҳифзи он дар маркази таваҷҷуҳи дустдорони табиат ва мардум қарор дошта бошад. Шонасарак ё ҳудҳуд бо тоҷ ва болҳои ранга аз дигар паррандаҳои даштӣ фарқ карда, то 500 грамм вазн дорад.
Зимнан, соли 2017 соли “Мурғи ҳилоли тибетӣ” интихоб шуда буд, ки маҳалли будубошаш Помири Шарқӣ аст ва саршумори он дар ин минтақа ҳудуди 400 сарро ташкил медиҳад.
Иқдоми эълони “Паррандаи сол” Дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир талошҳо барои амалӣ намудани тарҳҳое барои барқарор кардани табиати харобгашта идома дорад. Коҳиши ҷонварону паррандаҳои нодир дар Тоҷикистон аз замони ҷанги шаҳрвандӣ вусъат пайдо кард. Он замон қонун дуруст амал намекард ва сокинон бераҳмона ин навъи паррандагонро шикор мекарданд.
Саршумори мурғи ҳилоли тибетӣ низ дар Тоҷикистон кам шудааст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ навъи гавазни тоҷикӣ ва гови мавсум ба тур ё бизон комилан аз байн рафт. Аз сӯи дигар, таъсири гармоиши иқлим ба зиндагии маъмулии ҳайвонону набототи Тоҷикистон таҳрирҳои ҷиддӣ ворид кард. Камшавии саршумори бабри барфӣ як натиҷаи тағйироти иқлим аст.
Донишмандони тоҷик мегӯянд, ба нашри охирини Китоби сурхи Тоҷикистон аз соли 2015, 102 навъи дигари ҷонварону набототи дар ҳоли нобудшавӣ ворид шуданд, ки 60 намудашон ҷонварон будаанд.