Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболу зиреҳпӯшҳои Русия ба артиши Тоҷикистон


Русия ба ҳадафи тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр тайи маросиме ба низомиёни тоҷик таҷҳизоти низомии нав, аз ҷумла таҷҳизоти мухобиротӣ, зииддиҳавоӣ ва мошинҳои зиреҳпӯшу чархболҳо додааст.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба манзури ироаи кӯмакҳои низомӣ аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон дар яке аз қисмҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, маросими вижае сурат гирифт. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадализода “дар ин маросим вазорати дифои Русия ба Тоҷикистон силоҳҳои оташфишон ва артиллерӣ, тӯп, чархболҳои МИ-8 ва МИ-24, танку зиреҳпӯшҳо, васоили мухобирот ва техникаи муфодиаи зидди ҳавоӣ ё ПВО ироа кард”.

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки миёни Тоҷикистону Русия низоми раводид вуҷуд надорад, марзи Тоҷикистону Афғонистон марзҳои ҷанубии Русия низ ба шумор меравад ва ин кишвар ба тақвияти марзҳои ҷанубии Тоҷикистон алоқаманд аст.

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи 30-юми ноябр баъд аз дидору гуфтугӯ бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо дар Маскав хабар дода буд, ки дар соли 2017 Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомӣ тақдим мекунад. Ҳамчунин соли 2012 дар Маскав санади тамдиди ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 ба имзо расид ва Русия он замон эълон дошт, ки дар барномаи азнавсозии артиши Тоҷикистонро кӯмак мекунад.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбеи гузашта зимни нишасти хабарӣ ба афзоиши таҳдидҳо аз сӯи террористони байналмилалӣ аз Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки "тақвияти гурӯҳҳои террористӣ дар қисматҳои мухталифи марзҳои шимолии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро мушоҳида мекунем". Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин аз афзоиши шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон нигаронӣ карда буд.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, кӯмакҳои низомие, ки Русия ба Тоҷикистон кардааст, қадимӣ ва бозмонда аз даврони Шӯравӣ ҳастанд. Зимнан, дар маросими ироаи кӯмакҳои вазорати дифои Русия ба Тоҷикистон хабарнигорони расонаҳои давлатии Тоҷикистон ва Русия ширкат доштанд.

"Ҳизофати марз танҳо ба низомиёни тоҷик бастагӣ надорад"

Нуралишоҳ Назаров.
Нуралишоҳ Назаров.

Таҳлилгарону коршиносон иқдоми кӯмакҳои Русия ба Тоҷикистонро дар шароити феълӣ зарурӣ медонанд. Нуралишоҳ Назаров, коршиноси низомии тоҷик рӯзи 19-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳифозати марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон танҳо масъулияти низомиёни тоҷик нест, балки дигар кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ низ масъулиятро доранд. Чун марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи ИДМ ва СПАД ва сипарӣ ҷанубии ин кишварҳост. Ба ин далел, Русия ва ҳатто кишварҳои дигари узви ин созмонҳо бояд ба Тоҷикистон кӯмак кунанд, то аз хатару таҳдидҳои ношӣ аз тероризм ва ифротгароӣ, ҷилавгирӣ шавад".

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон, на ҳамеша ваъдаҳои кӯмак аз ҷониби Русия ва дигар кишварҳои узв барои Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Дар гузашта сарони СПАД тасмим гирфтанд, ки ба Тоҷикистон дар заминаи таҳкими марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон кӯмакҳои низомӣ кунанд, аммо ба гуфтаи коршиносони тоҷик, чанд сол аз ин ваъдаҳо мегузарад ва кӯмаки амалӣ танҳо имрӯз, он ҳам аз ҷониби Русия сурат гирифтааст.

Артиши Тоҷикистон ва чолишҳои амниятӣ

Ироаи кӯмакҳои низомӣ аз ҷониби Русис ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стратегии (IISS), мақараш дар Лондон, моҳи феврал дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016”(The Military Balance 2016) артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф ва дар амри муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва низоъҳои дохилӣ хеле вобастаи нерӯҳои Русия ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ номид.

Нерӯҳои артиши Тоҷикистон.
Нерӯҳои артиши Тоҷикистон.

Бино ба ин манбаъ, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нерӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ ва 7500 нерӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нирӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нирӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст. Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.

Русияву Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи 1400 километрӣ дошта ва то соли 2005 ҳифозати ин марзро нерӯҳои марзбони Русия ба ӯҳда доштанд. Пас аз хуруҷи ин нерӯҳо борҳо мақомоти баландпояи низомию сиёсии Русия ба номуваффақ будани марзбонони тоҷик дар ҳимояти хатҳои марз ишора карда ва мавзӯъи имкони бозгашти неруҳои марзбони рус ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро матраҳ карда буданд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин имконро ғайри қобили қабул хонда буданд. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки миёни Тоҷикистону Русия низоми раводид вуҷуд надорад, марзи Тоҷикистону Афғонистон марзҳои ҷанубии Русия низ гуфта мешавад аз ин лиҳоз, ин кишвар ба тақвияти марзҳои ҷанубии Тоҷикистон алоқамандӣ нишон медиҳад

XS
SM
MD
LG