Узбакистон имкони ҳамкорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1"-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 23 ноябр сарвазири он кишвар Сафар Исҳоқов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, президенти ҳамакнун пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев масъалаи ҳамкорӣ дар сохтмони Қамбарота-1-ро баррасӣ ва дар бораи сохтмони муштарак ба созиш расиданд.
"То он замон онҳо мухолифи сохтмони "Қамбарота-1" буданд. Акнун пуштибонӣ мекунанд. Ба ҷуз ин Узбакистон мегӯяд, "метавонад ҳамчун яке аз саҳҳомони ин нерӯгоҳ нақш бозад". Мо бояд нерӯгоҳи мазкурро бо талошҳои Қирғизистон, Узбакистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя бисозем", - гуфт Сафар Исҳоқов.
Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин чанд сол аст, ки хобидааст. Сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт охири солҳои 1980 ба нақша гирифта шуда буд.
Бори охир ҳукумати Қирғизистон бо Русия дар бораи сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота-1" соли 2012 созиш кард. Аммо соли 2016 Қирғизистон ин созишномаро якҷониба бекор кард.
Ислом Каримов, президенти пешини Узбакистон зидди сохтмони мазкур буд.