Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2528 шаҳрванди Тоҷикистон – дар феҳристи “Интерпол”


Абдуғаффор Азизов
Абдуғаффор Азизов

Абдуғаффор Азизов, раиси идораи тоҷикистонии “Интерпол”, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир 2528 шаҳрванди кишвар таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ ҳастанд. Ӯ рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, “ин афрод барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва терроризму ифротгароӣ” муттаҳаманд.

Аммо генерал Азизов аз он изҳори таассуф гуфтааст, ки бархе аз аъзои “ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба ҷинояткорону террористон минбар медиҳанд”. “Баъзе аз кишварҳои узви ин созмон сиёсати духӯраро пеш гирифтаанд”, - афзудааст ӯ.

Бо ин ҳол, роҳбари идораи “Интерпол”-и Тоҷикистон гуфтааст, то ба ҳол 6 узви ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ин кишварҳо боздошт ва ба кишвар истирдод шудаанд. Ба гуфтаи Абдуғаффор Азизов, Шоҳнаим Каримӣ (Мирзораҳим Кузов), як узви фаъоли ҲНИТ низ дар Юнон бо дархости “Интерпол”-и Тоҷикистон дастгир шуда, масъалаи истирдодаш ба кишвар дар баррасӣ аст.

Дар ин суҳбат генерал Азизов гуфтааст, аз 2582 нафаре, ки Тоҷикистон онҳоро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст, 1873 нафар узви гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳастанд. “Аз ин ҳисоб 35 нафар аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад”, - гуфтааст Азизов.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Қаблан бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон гуфта буданд, ки пулиси байналмилалӣ мавриди истифодаи ҳукуматҳои мухталиф қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, дар суҳбати моҳи октябраш бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз ин полис бо ҳадафи боздошту зиндонӣ кардани бисёре аз онҳое истифода мешавад, ки ба фаъолияти озоди сиёсӣ машғул ҳастанд. Ба ин чиз роҳ додан мумкин нест ва Интерпол бояд ҳар қазияро хеле мӯшикофона таҳқиқ кунад.”

XS
SM
MD
LG