Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генерали мардумӣ" куҷо шуд?


Саидқиёмиддини Ғозӣ. Акс аз бойгонии хонаводагӣ
Саидқиёмиддини Ғозӣ. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

Хонаводаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев) мегӯянд, ки ин рӯҳонии маъруф дар солҳои 90-ум ду рӯз пеш ҳангоми сафараш ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бедарак шуд ва аз сарнавишташ нигаронанд. Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори охир шаби душанбеи гузашта бо ӯ тамос доштанд.

"Гуфтааст, ки ба Тоҷикистон ихроҷ карданд”

​Фарзандон рӯзи 21-уми ноябр ба истиқболаш ба фурудгоҳи Хуҷанд рафтанд, аммо аз ӯ ҳеҷ дараке нашуд. Аз он замон то кунун дар бораи маҳалли будубошаш ҳеч хабаре надорем

Қаблан як пойгоҳи мухолифини тоҷик дар хориҷ навишт, ки Саидқиёмиддини Ғозӣ дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардидааст. Аммо то ба ҳол мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфта, хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ гуфт, ҳамсараш бори охир шаби 20 ба 21-уми ноябр тахминан соатҳои 12-и шаб ба вақти Санкт-Петербург аз фурудгоҳ ба писараш Баракатуллоҳ, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, занг задааст. Ӯ гуфт, “маро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.”

Аз ин сӯҳбати кӯтоҳи падару писар онҳо фаҳмидаанд, ки ӯро ба Хуҷанд мебаранд ва вақте ба умеди пешвози ӯ ба фурудгоҳ рафтаанд, ҳамаи мусофирон берун шуда, вале Саидқиёмиддин Ғозиро надидаанд. “Фарзандонам рӯзи 21-уми ноябр ба истиқболаш ба фурудгоҳи Хуҷанд рафтанд, аммо аз ӯ ҳеҷ дараке нашуд. Аз он замон то кунун дар бораи маҳалли будубошаш ҳеч хабаре надорем”, - афзуд ӯ.

"Ӯро касе суроғ намекард"

Саидқиёмиддини Ғозӣ
Саидқиёмиддини Ғозӣ

Тибқи иттилое, ки фарзандон дар фурудгоҳи Хуҷанд дарёфтаанд, вазъи саломати Қиёмиддин Ғозиев дар ҳавопаймо бад шуда, ӯро аз фурудгоҳ тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба назди пизишк бурдаанд.

Ба гуфтаи Мусулмонова, шавҳараш дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамроҳ бо фарзандон қаҳвахона дошт ва онҷо кор мекард. “Бори охир 1,5 сол пеш дар Тоҷикистон буд ва баъд аз ин дар Русия кор мекард. Ду рӯз пеш аз иди Рамазони имсола фишорашон баланд шуда, афтиданд. Пояшон шикаст. 40 рӯз дар Русия табобат гирифтанд, аммо он фоида накард ва дар охир маҷбур шуданд, барои табобат ба Эрон раванд. Аз моҳи сентябр то ноябр дар Эрон табобат гирифтанд ва аз он ҷо дубора ба Русия баргаштанд”, - мегӯяд Раҷабгул Мусалмонова.

Ҳамсари Қиёмиддин Ғозиев, ки аз эҳтимоли боздошт шудани ҳамсараш дар ҳайрат ва ташвиш аст, мегӯяд, ҳеҷ аломати онро надорад, ки ҳамсараш ҷустуҷӯ мешуд. “Кадом гуноҳе накарда буд ва мавриди шубҳа қарор надошт. Боре ҳам ба хонаи мо ҳеч намояндаи мақомот сар назадааст”, - гуфт ӯ.

“Тақдири норушани “генерали мардумӣ”

Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Мусалмонова мегӯяд, ҳоло ӯ ва фарзандонаш танҳо як хоҳиш доранд, ки дар куҷо будани шавҳараш ва дар кадом вазъ будани ӯро бифаҳманд. Раҷабгул Мусулмонова ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафҳои сафари ҳамсараш ба Эрон гуфт, “танҳо барои табобати худ ва фарзандаш рафта буд ва аслан онҷо зиндагии доимӣ надошт.”

Хабари боздошт ва гӯё истирдоди Қиёмиддин Ғозиев 21-уми ноябр дар сомонаи марбут ба мухолифин дар хориҷ аз Тоҷикистон нашр шуд. Тибқи иттилои вебсайти “Паём”, Қиёмиддин Ғозиев замоне ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол қазияро шарҳ намедиҳанд ва маълум нест, ки то куҷо Қиёмиддин Ғозиев мавриди шубҳаи мақомоти интизомии Тоҷикистон қарор дорад.

Қиёмиддин Ғозиев ё Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз руҳониёни шинохтаи солҳои 90-ум ва яке аз иштирокдорони фаъоли майдони “Шаҳидон” дар Душанбе буд. Дар қатори чанд иштирокдори майдони “Шаҳидон” ба ӯ унвони “генерали мардумӣ”-ро дода буданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон гуреза шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ Қиёмиддин Ғозиев ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG