Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диабети қанди атфоли тоҷик ба ирсият ва ғизои носолим рабт мегирад


Табибони тоҷик аз афзоиши мавридҳои гирифтории ҷавонону кӯдакон ба диабети қанд изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, аз миёни 786 кӯдак ва навраси то 18-солаи гирифтори ин беморӣ шумори онҳое кам нест, ки на бо сабабҳои ирсӣ, балки аз истеъмоли ғизои носолим гирифтори ин беморӣ шудаанд. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон беш аз 41,5 ҳазор нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин бора мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии эндокренологии Тоҷикистон Моҳбегим Давлатмамадова дар рӯзи мубориза бо диабети қанд, ки 14 ноябр таҷлил мешавад, ба оҷонсии “Ховар” хабар додааст. Мутахассисони тиб мегӯянд, суръати афзоиши ин беморӣ дар ҷаҳон 6-10 дарсадро ташкил медиҳад ва 80 дарсади гирифторони диабети қанд дар ҷомеаҳои нодор ба сар мебаранд. “Сабаби онро аксар мутахассисон дар фарбеҳии зиёд, аз меъёр зиёд будани холестерин ва равған дар таркиби хун медонанд”, гуфтааст Моҳбегим Давлатмамадова.

Тадқиқоти донишмандони тоҷик нишон додааст, ки аломатҳои фарбеҳшавӣ дар миёни атфоли тоҷик хеле зиёд ба назар мерасад. Сабаби он пурхӯрӣ ё истеъмоли нодурусти хӯрок мебошад, ки ба пайдоиши бемории қанд метавонад сабаб шавад.

XS
SM
MD
LG