Раиси ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» аз мардуми кишвар даъват кардааст, имсол нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд, то шабонарӯз бо барқ таъмин бошанд.
Мирзо Исмоилзода дар шарҳи муроҷиатнома дар бораи лағви маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои мардум ва муассисаҳо дар Тоҷикистон гуфтааст, “истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқ, ба кори муназзами тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ, яъне ба таъмини фаъолияти боэътимоди онҳо кафолат медиҳанд.“
Дар шарҳи тӯлонӣ, ки дар вебсайти “Барқи Тоҷик” имрӯз нашр шуд, омадааст, таъмини муназзами мардум бо нерӯи барқ дар фасли тирамоҳу зимистон кори осон нест ширкат бовар дорад, ки “ҳар сокини кишвари азиз дар давраи душвору пурмасъулияти тирамоҳу зимистон бо сарфакорона истифода бурдани барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи он ба мо ҳамкориву кӯмак менамоянд.”
Ширкати “Барқи Тоҷик” охири моҳи октябр ва пас аз 20 сол эълон кард, ки имсол дар мавсими сармо, дар Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ маҳдуд намешавад.
Дар ду даҳсолаи гузашта, мардум ва муассисаҳои Тоҷикистон аз моҳи октябр то моҳи апрел фақат аз 5 то 6 соат нерӯи барқ мегирифтанду тамом, чун бузургтарин нерӯгоҳи кишвар Норак, дар зимистон ба қадри кофӣ нерӯи барқ тавлид намекунад. Дар баъзе ноҳияҳои дурдаст мардум ҳафтаҳо комилан нерӯи барқ надоштанд ва дар зимистони қаҳратуни соли 2008 чандин нафар аз ҷумла кӯдакони навзод дар бемористонҳо ҷон доданд.
Мирзо Исмоилзода дар муроҷиатнома ба мардум гуфтааст, иқтидори Тоҷикистон барои тавлиди нерӯи барқ дар ду даҳсолаи гузашта зиёд шуд, вале айни замон талабот ба нерӯи барқ сол ба сол меафзояд.
“Теъдоди аҳолӣ 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гашта, дар шаҳру деҳоти кишвар миллионҳо метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шуда, корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли нерӯи барқи иловагиро талаб менамоянд” - омадааст дар шарҳи Мирзо Исмоилзода.
Бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ, “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, бунёди маркази барқу гармидиҳии нав дар Душанбе ба гуфтаи раиси “Барқи Тоҷик” имкон дод, ки дар Тоҷикистон дар фасли зимистон ба қадри кофӣ нерӯи барқ истеҳсол шавад.
Аммо гуфтааст, Мирзо Исмоилзода, “вобаста ба рӯз то рӯз сард шудани ҳаво талабот ба барқ бамаротиб меафзояд ва мо аз сокинони кишвар ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоем, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.”
Ширкати “Барқи Тоҷик” бузургтарин ширкати давлатии энергетикии Тоҷикистон, тамоми нерӯгоҳ ва зеристгоҳҳои бузурги тақсими нерӯи барқро дар ихтиёр дорад. Аммо солҳои тӯлонист, ки мудирият дар он танқид мешавад ва қарзи ин ширкати бузург аз 1 миллиард доллар ҳам зиёдтар аст.