Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳроб Боқиев дар “Тоскулоҳи бузург” дар Абу Даби ҳафтум шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Суҳроб Боқиев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Abu Dhabi 2017), ки имрӯз, 26-уми октябр, дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Даби – оғоз ёфт, мақоми ҳафтумро касб намуд.

Суҳроб Боқиев бар асоси қуръакашӣ рақобатро дар вазни зери 60 кило аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш бар Филип Пелим аз Бразилия пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Роберт Мшвидовадзеи русиягӣ, қаҳрамони имсолаи Аврупо, шикаст хӯрд.

Суҳроб Боқиев, ки дар даври тасаллобахш аз Франсиско Карригоси испаниягӣ шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб гашт.

Зимнан, Мшвидовадзе дар феҳристи Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар вазни зери 60 кило дар байни 351 гуштигир бо 2156 имтиёз дар мақоми 8-ум, Боқиев бо 370 имтиёз дар мақоми 69-ум қарор доранд. Мшвидовадзе, ки дар даври ниманиҳоӣ бар Шарофиддин Лутфуллоеви узбакистонӣ ғолиб омад, ба финал баромад. Вай барои унвони қаҳрамонӣ бо Филип Китадаи (Бразилия) мубориза мебарад.

Суҳроб Боқиев, ки дар даври тасаллобахш аз Франсиско Карригоси испаниягӣ шикаст хӯрд, аз идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб гашт. Карригос бошад, барои медали биринҷӣ бо Амиран Папинашвили (Гурҷистон) мубориза мебарад. Вай ғолиби мусобиқаи имсолаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Канкуни Мексика (Cancun Grand Prix 2017) буда, алъон дар феҳристи Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар вазни зери 60 кило бо 2391 имтиёз мақоми шашумро касб кардааст.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” дар Абу Даби бо ширкати 277 варзишгар (172 мард ва 105 зан) аз 47 кишвар то рӯзи шанбеи 28-уми октябр идома хоҳад кард.

​Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз Суҳроб Боқиев, боз панҷ нафар гуштигирон шомиланд: Кароматулло Ҳакимов (-81 кг), Талабиддин Файзов (-90 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Одилҷон Сафаров (+100 кг).

Рақибони гуштигирони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотии Grand Slam Abu Dhabi 2017:

27-уми октябр (ҷумъа)

Вазни -81 кг

Кароматулло Ҳакимов (Тоҷикистон) – Саги Муки (IJF)

28-уми октябр (шанбе)

Вазни -90 кг

Комроншохи Устопириён (Тоҷикистон) – ғолиби ҷуфти Кирил Гроссклаус (Швейтсария)/Яҳё Имомов (Узбакистон)

Талабиддин Файзов (Тоҷикистон) – Маттиас Куусик (Эстония)

Вазни -100 кг

Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) – Ниёз Билолов (Русия)

Вазни +100 кг

Одилҷон Сафаров (Тоҷикистон) – Макиеҷ Сарнаски (Лаҳистон)

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқот 154 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ба ғолибону ҷоизадорон супурда мешавад:

ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар)

ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар)

ҷойи 3-юм 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Тоскулоҳи бузург”, ки рӯзҳои 31 октябр – 1 ноябри соли 2015 дар Абу Даби баргузор шуда буд, бе медал монданд. Дар байни нӯҳ варзишгари тоҷик танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило натиҷаи хубтар нишон дода, мақоми ҳафтумро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG