Дар ҳавлии сокинони яке аз канораҳои пойтахти Озарбойҷон чоҳҳои нафт шабу рӯз фаъол буда, ба муҳити зист ва саломати мардуми маҳалла таъсир гузоштааст. Ёсуман Ҳусейнова, сокини яке аз маҳаллаҳои атрофи шаҳри Боку, мегӯяд, нафт дар рӯи ба рӯи хонаҳояшон аст ва бӯяш, бахусус, субҳ даҳшатовар мешавад. "Ин ҷо рутубат ҳам хеле баланд аст. Фикр мекунед, ки дар зери об зиндагӣ мекунед", - афзуд ӯ.
Мансабдорони маҳаллӣ исрор меварзанд, ки тахминан 100 хонаводаро ба минтақаҳои амн мекӯчонанд, вале кай ин барнома иҷро мешавад, маълум нест.
Нафткашӣ аз чоҳҳои нафти минтақаи Сабунчуи шимоли Боку дар давраи Шӯравӣ оғоз ёфтааст. Вале мардум дар ин минтақа пеш аз он ҳам иқомат доштаанд. Онҳо сарфи назар аз онки нафт ва пасмондаҳои нафткашӣ минтақаро олуда бо маводи кимиёӣ намудаанд, макони зисташонро иваз накарданд.
Холида Дадашова, яке дигар аз сокинон гуфт, "мо ҳафт сол пеш дарахт шинондем, вале аз он ҳосиле нест. Замини инҷо олуда ба нафт аст."
Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:
Сокинони маҳалла аз бемориҳои роҳҳои нафас ва дарди буғум низ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки эҳтимол сабаби бемориашон муҳити зисти носолим аст.
Ҳомии муҳити зист Телман Зайналов мегӯяд, зиндагӣ дар ин минтақа зиёновар аст. "Зиндагӣ дар инҷо ғайри қобили қабул аст. Мизони радиатсия аз истеҳсоли нафту гази минтақа хеле баланд аст. Дар ин ҷо зистан мумкин нест. Ҳукумат ҳам вазъро хуб медонад. Ҳукумат бояд бар зидди афроде, ки заминро ба сокинони ин маҳал фурӯхтаанд, чора андешад", - афзуд ӯ.
Мансабдорони маҳаллӣ исрор меварзанд, ки тахминан 100 хонаводаро ба минтақаҳои амн мекӯчонанд, вале кай ин барнома иҷро мешавад, маълум нест.
Дар ин байн ширкати давлатии нафти SOCAR барномаи поксозии минтақаҳои олудаи канори шаҳри Боку ва нимҷазираи Обшоронро шурӯъ намуда, то кунун 10 гектар майдонҳои олударо поккорӣ кардааст. Тибқи иттилои Вазорати ҳифзи муҳити зисти Озарбойҷон ҳанӯз ҳам 35 гектар замини олуда бо нафт боқӣ мондааст.