Рӯзи 2-юми октябр бо ризояти вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон муҷозоти саркашӣ аз пардохти алимент ба фарзандони ноболиғ ваё волидони пиронсол аз 2 соли қаблӣ то ба 3 сол шадидтар шуд.
Бозмонда аз айёми Шӯравӣ?
Азамат Шимболов, роҳбари Дафтари Penal Reform International (Созмони байналмилалии ислоҳоти ҷиноӣ), ки масъалаи риояи ҳуқуқи инсонро дар кишварҳои Осиёи Миёнаро пайгирӣ мекунад, гуфт, додгоҳҳо дар ин минтақа ва аз ҷумла дар Тоҷикистон, бе онки хавфи кирдори шахс ба ҷомеаро ташхис кунанд, ӯро барои муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ мекунанд.
Чанде аз созмонҳои байналмилаллӣ аз қабили САҲА, Бунёди ҳуқуқи башари СММ ва аз ҷумла созмони Penal reform international аз Тоҷикистон борҳо даъват кардаанд, ки ҷазоҳои Кодекси ҷиноиро бозбинӣ карда, меъёрҳои онро башарӣ (гуманизатсия) кунад.
Азамат Шимболов мегӯяд, бо эълони ҳукмҳои сахт давлат мехоҳад, ба дигарон сангинии ҷазоро намоиш диҳад, аммо ин дар асл ба ҷуз шикасти ҳаёти маҳкумшудаҳо натиҷаи дигар намедиҳад ва ба кам шудани мизони ҷиноят таъсир намерасонад. Ба гуфтаи Шимболов, ҳабсу зиндонӣ кардани муҷримон ба муддатҳои тӯлонӣ, мероси системаи ҷазои Шӯравӣ аст, ки бо ҳадафи саркӯби дигарандешон истифода мешуд, вале ҳоло низ истифодаи он дар кишварҳои Осиёи Миёна роиҷ аст.
"Ҷазоҳо сахттар мешаванд"
Тоҷикистон тайи ду соли охир ҷазоро барои як зумра ҷиноятҳо сангинтар кард. Аз ҷумла, дар соли 2016 ҷазо барои таҳқири оммавии президент ва ё "Пешвои миллат" сахтар карда шуд ва дар сурати ошкор шудани ин кирдор дар интернет муттаҳам метавонад, то 5 соли зиндонӣ шавад.
Дар ин сол ҳамчунон ҷазо барои кирдори сафедкунии оммавии терроризм низ сангинтар шуд. Агар ин амал дар интернет сурат бигирад, додгоҳ метавонад шахси муҷримро то 15 сол равонаи зиндон кунад. Дар ин муддат ҳамчунон ҷазо барои ҷиноятҳои иқтисодие мисли саркашӣ аз пардохти андоз ва гумрук низ сангинтар шуд. Ин ҷиноят, ки дар гузашта бо ҷарима ё 2 соли зиндон тамом мешуд, акнун ба 5 соли зиндонро дар назар дорад.
Гузашта аз ин, Тоҷикистон дар баъзе қазияҳо, мисли қазияи соҳибкор Зайд Саидов ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ҳукмҳои беш аз 20 солро ба кор бурд, ки дар кишварҳои дигар танҳо дар робита ба афроди хатарнок барои ҷомеъа истифода мешавад.
"Шахс ҳабс шуд, кӣ фарзандашро сарпарастӣ мекунад?"
Ватан Абдураҳмонов, додраси таҷрибадори тоҷик, ки айни замон бознишаста аст, гуфт, сахттар кардани ҷазо дар аксар маврид натиҷаи баръакс медиҳад. Ӯ гуфт, "мо шахсро барои напардохтани алимент ҳабс кунем, аз куҷо алимент мешавад? Кӣ кӯдакони ӯро сарпарастӣ мекунад? Ҳам харҷи нигоҳубини ҳабсшуда ва ҳам кӯдакони ӯ бар дӯши буҷети давлат меафтад", - иброз дошт Абдураҳмонов.
Ин додраси собиқадор гуфт, дар гузашта давлат ҳангоми напардохтани алимент ба кӯдакон ёрдампулӣ медод ва бо ҷалби падари саркаш ба корҳои маҷбурӣ ҳам алименти кӯдакон ва ҳам хароҷоти худашро аз ӯ рӯёнида мегирифт. "Ҳоло бо бештар шудани мӯҳлати ҷазо, на падарони саркаш ислоҳ мешаванд ва на фарзандон сарпараст пайдо мекунанд",- мегӯяд Абдураҳмонов.
"Сахттар шудани қонунҳо пеши терроризмро намегирад"
Бархе аз бандҳои қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар пасманзари шиддат ёфтани мубориза бо терроризм дар пайи гароиши гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои тахрибкор дар Ховари Миёна ва Афғонистон сангинтар шуданд. Ҷазо барои кирдорҳое мисли тарғиб ва ё сафедкунии оммавии терроризм, маҳз дар ҳамин росто сангинтар шуданд.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, сангинтар кардани ҷазо барои терроризм пеши роҳи онро намегирад. "Шумо бубинед, ки террористони маргталаб худро довталабона метарконанд ва боис ба марги даҳҳо нафари дигар мешаванд. Яъне, онҳо аз марг наметарсанд, чи расад ба ҷазову зиндон. Барои саркӯби терроризм пеш аз ҳама бо сабабҳои пайдоиши он бояд мубориза бурд, на бо сангин кардани ҷазо ва тарсонидан. Онҳое, ки террорист мешаванд, аз ҳеҷ чиз наметарсанд", - азфуд ӯ.
Ба бовари Бобоназарова, бештари ҷавонон бинобар наёфтани ҷову мавқеи худ дар ҷомеа, набуди ҷойи кор, нақзи ҳуқуқашон, ба ҳаракатҳои ифротиву терорристӣ пайвастаанд. Ӯ гуфт, "барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, бояд пеш аз ҳама шароити иҷтимоӣ ва имкониятҳо барои таҳсили ҷавононро бояд бештар кард."
Пешниҳоди гуманизатсияи қонунҳо
Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, Бунёди ҳуқуқи башари Созмони Милал ва Penal reform international аз Тоҷикистон борҳо даъват кардаанд, ки ҷазоҳои Кодекси ҷиноиро бозбинӣ ва меъёрҳои онро башарӣ (гуманизатсия) кунад.
Аммо мақомдорони тоҷик мегӯянд, ҷазоҳои сангин бар пояи тақозои замон сурат мегиранд ва ҳадаф танҳо ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои хавфнок ба субот ва амнияти ҷомеа аст. Бо ин ҳам ба гуфтаи қонунгузорон, Тоҷикистон бидуни даъватҳои созмонҳои байналмилалӣ барои бозбинии Кодекси ҷиноӣ иқдом кардааст.
Субҳиддин Баҳриддинзода, муовини роҳбари Маркази қонунгузории Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт "ду сол инҷониб як комиссияи бо салоҳияти ҳукумат иборат аз намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, прокуратура, вазорати корҳои дохила бо ҳадафи гуманизатсия, кодекси ҷиноиро дар шакли нав таҳия мекунанд."
Ин мақоми тоҷик гуфт, ба эҳтимоли зиёд то анҷоми имсол таҳияи Кодекси нави ҷиноӣ ба анҷом расида, ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад.