Садҳо шаҳрванди Қирғизистон рӯзи 30-юми сентябр дар як роҳпаймоӣ дар шаҳри Бишкек иштирок карда, хостори ҷилавгирӣ аз сӯистифода аз мақоми давлатӣ ва ришват дар муборизаҳои интихоботӣ шуданд. Иштирокдорони роҳпаймоӣ гуфтанд, ки онҳо интихоботи шаффофу воқеӣ мехоҳанд.
Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон рӯзи 15-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд. Ҳоло дар Қирғизистон маъракаҳои пешазинтихоботӣ ҷараён дорад.
Ду узви Кумисюни интихоботии Қирғизистон низ дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе иштирок карда, ба мардум итминон доданд, ки раъйи онҳо сиррӣ хоҳад монд.
Қабл аз ин, рӯзи 17-уми сентябр дар хиёбони ҷавонони шаҳри Бишкеки Қирғизистон гирдиҳамоии "Мо наметарсем!" баргузор шуд. Ин гирдиҳамоӣ бо ҳадафи мухолифат ба фишор болои мактабҳои олӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи президенти Қирғизистон ба масъалаи истифодашавии манбаъҳои маъмурӣ дар интихобот, ташкил шуда буд.