Чин изҳори омодагӣ кардааст, ки беш аз 100 корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро барои мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ омӯзиш диҳад. Дар ин маврид Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Го Шенкун, вазири бехатарии ҷамъиятии Чин рӯзи 27-уми сентябр ба созиш расидаанд.
Ин тасмим дар ҳолест, ки қарор аст, дар назди ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон “Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм” таъсис ёбад.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, созиш тоза ба даст омадааст ва ҷузъиёти онки ин теъдод кормандони вазорат дар чанд давра ва ба кадом мӯҳлат дар Чин омӯзиш мегиранд, дертар маълум хоҳад шуд. Ӯ гуфт, дар гузашта кормандони вазорат ба таври ҷудогона дар Чин омӯзиш дидаанд, вале бори аввал аст, ки барои ҷалби кормандони бештар барои омӯзиш чунин созиш мешавад.
Тоҷикистон маълумоти корбарони Интернетро ба дигарон медиҳад?
“Дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо тариқи воситаҳои алоқа ва интернет бояд омӯзиш бигиранд. Замони охир мебинем, ки дар ҷалби ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ифротӣ аз ин воситаҳо зиёд истифода мешавад. Гурӯҳҳои ифротгаро бештар аз васоили интернетӣ истифода мекунанд ва ҷиноятҳои дигар низ дар ин самт ба назар мерасад. Таҷрибаи бойи Чин дар самти ҷиноятҳои кибернетикӣ имкон медиҳад, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ омӯзиши хубу беҳтар бигиранд”, - афзуд Умарҷони Эмомалӣ.
Ҳоло мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикиро Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бар дӯш дорад. Дар назди ин раёсат як бахши алоҳида фаъолият мекунад.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои иштирок дар 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол ё пулиси байналмилалӣ ба Чин рафтааст.