Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод ҷараён доранд, дар рӯзи даҳуми мусобиқот - 25-уми сентябр - дар ду намуд – самбои варзишӣ ва кикбоксинг - се медали тилло ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи самбои варзишӣ миёни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни зери 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамони бозиҳо даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ ҳарифаш Марал-Ердена Чимедорҷ аз Муғулистонро мағлуб кард. Беҳрӯз дар сабқати ниҳоӣ бар ҳамватани худ Мубориз Мунавваров дастболо шуд. Миҷгона Самадова дар риштаи кикбоксинг миёни занон дар вазни зери 60 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ ҳарифи худ аз Туркманистон Гулзода Ҷӯрақулиеваро шикаст дод ва барандаи медали тилло гардид.
Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод бо ширкати варзишгарони 62 кишвари Осиё ва Уқёнус то рӯзи 27-уми сентябр идома меёбад.
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 125 варзишгар дар 15 намуд намояндагӣ мекунад. Варзишгарони тоҷик баъди натиҷагирии даҳ рӯзи бозиҳо дар ҳашт намуд - ҷиу-ҷитсу, гуштии анъанавӣ, таэквондо WTF, гуштии камарбандӣ, муайтай, гуштии кураш, гуштии озод ва кикбоксинг– ҳамагӣ 45 медал (3 медали тилло, 11 медали нуқра ва 31 нишони биринҷӣ) гирифтаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар байни 36 дастае, ки ба гирифтани медалҳои бозиҳо мушарраф шудааст, дар ҷойи 16-ум қарор дорад.
Дар ин бозиҳо мизбонон – варзишгарони туркман - пешсафанд. Мунтахаби Туркманистон дар даҳ рӯзи бозиҳо ҳамагӣ 229 медал (85 тилло, 65 нуқра ва 79 биринҷӣ) ба даст овардааст. Чин бо касби 78 медал (34 тилло, 24 нуқра ва 20 биринҷӣ) ҷойи дувум ва Эрон бо касби 102 медал (26 тилло, 18 нуқра ва 58 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб шудаанд.
Ба ҷуз Туркманистону Тоҷикистон мавқеи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст:
Ҷойи 4-ум. Узбакистон – 117 медал (23 тилло, 30 нуқра, 64 биринҷӣ).
Ҷойи 5-ум. Қазоқистон – 79 медал (23 тилло, 24 нуқра ва 32 биринҷӣ).
Ҷойи 10-ум. Қирғизистон – 59 медал (8 тилло, 18 нуқра ва 33 биринҷӣ).