Мақомоти Қирғизистон чанд нафарро дар шаҳри Токмок боздошт карданд, ки мехостанд "бо пиёда кардани амалҳои террористӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷуҳмур, вазъи сиёсиву иҷтимоиро барҳам зананд". Дар ин бора вазорати корҳои дохилии он кишвар иттилоъ дод.
Вазорат мегӯяд, ки рӯзи 21 сентябр, дар ҷараёни баргузории амалиёти муштаракаи ВКД ва КДАМ дар манзили чанд сокини шаҳи Токмоки вилояти Чӯй маводи тарканда ва адабиёти тундгароӣ ёфт шуд.
Алайҳи ин нафарон аз рӯи банди қонуни ҷиноӣ, "барангехтани бадбинии миллӣ, динӣ ва байниминтақавӣ" ва ҳамчунин нигаҳдории муҳимоти ҷангӣ" парванда боз шуд.
Мақомот бо гумони ташкили ҷиноят се нафарро боздошт кардаанд.