Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Эрон ҳукми Сиёмак Намозӣ ва падари ӯро бетағйир гузошт


Падару писар- Боқир Намозӣ ва Сиёмак Намозӣ
Падару писар- Боқир Намозӣ ва Сиёмак Намозӣ

Қувваи қазоии Эрон ҳукми даҳ соли зиндони 3 шаҳрванди Иёолоти Муттаҳида ва як мутахасиси фановариҳои иттилоотӣ аз Лубнонро, ки Green Card-и амрикоӣ дорад бетағйир гузошт. Додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ, ин чор нафарро Шиу Ванг, донишомӯзи донишгоҳи Принсетон, тоҷири эронитабори амрикоӣ Сиёмак Намозӣ ва падари 81-солаи ӯ Боқир Намозӣ ва коршиноси соҳаи текноложӣ аз Лубнон Низор Закка муаррифӣ кард. Дар ин бора матбуоти Эрон хабар дод.

Ванг ва Намозӣ аз гурӯҳи нафарони душаҳрвандӣ ҳастанд, ки Эрон онҳоро боздошт кардааст. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ин нафарон қурбонии муборизаи қудратхоҳӣ дар байни мақомоти муътадил ва тундрав шудаанд ва ахириҳо, баъди имзои созишномаи ҳастаӣ дар байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба боз шудани кишвар ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мухолифат доранд. Созишнома маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон ба ивази нармиши таҳримҳо алайҳи ин кишварро таъмин кард.

Соҳибкори эронитабори Амрико Сиёмак Намозӣ ва падари 81-солаи ӯ Боқир Намозӣ, бо ҷурми ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида ҳар яке ба 10-солӣ зиндон маҳкум шуданд.

Президенти Амрико Доналд Трамп моҳи июл Эронро ҳушдор дод, ки агар шаҳрвандони Амрикоро озод накунад "ба паёмадҳои ҷиддӣ" рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG