Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон аз Украина истирдоди Саакашвилиро дархост кард


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Тбилисӣ расман аз Киев дархост кард, ки раиси ҷуҳмури пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилиро ба ватанаш истирдод кунад. Дар ин бора портали "Грузия-Онлайн" рӯзи 18 август бо такя ба додситони кулли ин кишвар хабар дод.

Дар Додситонии кулли Гурҷистон ҳамчунин аз "ҳамкории фаъолона бо ҳамтоҳои украинӣ" хабар доданд. Қаблан вазири адлияи Гурҷистон Тея Тсулукианӣ таъкид карда буд, ки мақомоти кишвар истирдоди Саакашвилиро аз ҳар кишваре, ки ӯ дар он ҷо манъ мешавад, талаб хоҳанд кард.

Худи Михаил Саакашвилӣ, ки ҳоло дар Лаҳистон қарор дорад, рӯзи гузашта аз барномаи бозгашт ба Украина хабар дод. Қарор аст ӯ рӯзи 10 август баргардад.

Охири моҳи июл раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко амри бекор кардани шаҳрвандии волии собиқи вилояти Одесса Михаил Саакашвилиро имзо кард. Дар Киев мегӯянд, ки ин сиёсатмадор дар вақти пур кардани санадҳо нагуфтааст, ки дар Гурҷистон таҳти бозҷӯӣ қарор дорад, ҳарчанд Гурҷистон қарор боздошти ӯро дар ғиёбаш содир карда буд. Саакашвили ин маълумотро рад мекунад.

Мақомоти Гурҷистон Саакашвилиро дар латукӯби намояндаи порлумон, харҷи ғайри мақсадноки 4 миллион доллар, пароканда кардани тазоҳуроти осоишта, дар моҳи ноябри соли 20017 ва даст доштан дар ҳамла ба шабакаи телевизионии "Имеди" муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG