Тасвири зиндагии сокинони деҳот, анаъанаҳои мардумӣ, ҷонварони нодир ва ҳатто ҳаёти оддии сокинони деҳ – видеонаворҳои як блогери тоҷик дар шабакаи YouTube-ро пуртарафдор кардааст. Муаллифи ин наворҳо Файзалӣ Сафаров, сокини 35-солаи деҳаи Ҳайрони ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) аст.
Як сол шуд, ки ӯ дар шабакаи YouTube саҳифаи худро боз карда моҳе ҳашт-даҳ нигораи видеоии худро ба маърази тамошои ҷаҳониён мегузорад. Дар камтарин ҳолат як маҳсули кори Файзалиро 5 ҳазор нафар тамошо мекунанд. Видеоҳои беҳтарини ӯро, ки аз зиндагии як минтақаи дурафтодаи шарқи Тоҷикистон қисса мекунад, то 60 ҳазор нафар тамошо мекунанд.
Мехоҳам мардум хушҳолу хушбахт шаванд, чизи аз ин зиёд намехоҳам
Файзалӣ ин нишондодро ба як бахши даромади худ табдил дод ва шабакаи YouTube барои ҷой додани таблиғот дар миёни наворҳои ӯ, барояш ин моҳ ҳудуди 300 доллар подош додааст. Ҳар куҷое меравад, дастгоҳи наворбардорӣ ҳамроҳаш ҳаст ва қаҳрамонони аслии наворҳои ӯ ҳам ҳамдеҳагонаш мебошанд. Ӯ дар як соли ахир наздики сад навор нашр кардааст.
Вале пуртарафдортарин гузоришҳояш "Ишқи ду хирс" ва "Сароянда Хуршеди Вахё", аз назари худи Файзалӣ, як муваффақияти эҷодии ӯ дониста мешавад. Мегӯяд, вақте лаҳзаи чарондаи мол аз дур ду хирсро дид, ки бо ҳам муҳаббат доштанд, ба ваҷд омад ва дастгоҳашро ба даст гирифту сабт кард. Пахши ин навор дар YouTube дар танҳо як моҳ 18 ҳазор тамошобин овард.
Аз донишгоҳи Маскав ба Сангвор: карйераи блогер аз деҳа шурӯъ шуд
Файзалӣ мегӯяд, саҳифаашро дар YouTube замони муҳоҷират дар Русия боз кард. Он замон ӯ донишҷӯи факултаи барномасозии Донишгоҳи Авруосиёи Маскав буд. Бинобар шароити молиявӣ натавонист донишгоҳро хатм кунад ва пас аз курси сеюм тарки таҳсил карда, ба ватан баргашт. Муҳоҷирони ҳамдеҳааш аз ӯ хоҳиш мекарданд, барояшон аксу навор гузорад.
Файзалӣ мегӯяд, аксари наворҳо бо дархости муҳоҷирон гузошта мешавад. Онҳо дар бораи ин ё он деҳа ва ё дар бораи ягон сароянда маълумот гирифтан мехоҳанд. Бисёри дигарҳо мехоҳанд дар наворҳо падарашонро бубинанд. Дар чунин ҳолат Файзалӣ фармоишро гирифта ба макони сабт мераваду барои муштариаш аз хориҷа наворе сабт ва нашр мекунад.
Таҳияву нашри видео дар Интернет барои Файзалӣ як бахши кору зиндагӣ шудааст. Ҳаводоронаш корҳои ӯро зери номи рамзии “Алӣ ВВЗА” ҷустуҷӯ мекунанд. Саъдулло Назаров, як зодаи ноҳияи Ҳисор ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, видеоҳои Файзалӣ бӯи ватан мекунад ва ҳар рӯз пас аз кори хастакунанда дар хона ба тамошои Интернет ва ҳам видеоҳои сохтаи Файзалӣ машғул мешавад.
Турсун Боев, як корбари фаъоли дигари YouTube мегӯяд, ҳунар ва маҳсули Файзалӣ аз кори блогерҳои тоҷик фарқ мекунад. “Видеоблог барои мо, тоҷикон, як кору жанри нав аст. Бисёриҳо аз сомонаҳои дигар видео дуздида нашр мекунанд ё мазмуни видеоҳояшон хеле паст аст. Аммо дар ин миён, кори Файзалӣ фарқкунанда аст”, - гуфт ӯ.
Файзалӣ, ки дар як нуқтаи дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, ки солҳои 1990-ум шоҳиди айнии рӯёрӯиҳои ҷангиёни мусаллаҳ будааст. Вале ӯ худро ба гунае қолабшикан меномад. Ӯ аввалин сокини маҳаллӣ шуд, ки зиндагии мардуми оддии русторо бо ҷиддият ва пайгирона наворбардорӣ ва ба маърази тамошо мегузорад. Мегӯяд, ба кораш муҳаббат дорад ва ҳар лаҳзаи наворро бо ишқу дилбастагӣ сабт мекунад.
Интернети заъиф - танҳо мушкили Файзалии сангворӣ
Файзалӣ мегӯяд, дар кораш як чолише дорад, ки гоҳо табъашро хира мекунад. Ин – заъиф будани трафики Интернет дар Сангвор аст. Барои ба YouTube гузошта нашр кардани як гузориши видеоии даҳдақиқагӣ гоҳо ду-се рӯз фурсат лозим мешавад.
“Як видеои даҳ дақиқаро дар ду-се рӯз дар YouTube ҷой медиҳам. Суръати интернет бисёр поин аст”. Вале бо ин ҳама шӯҳрати наворҳояш дар чашми бинанда, вокунишҳои гарми тамошобинон ӯро ба кораш дилгарм мекунад ва дигар мушкилоти фаннӣ ҳам дар чашмаш наменамояд.
Дар зиндагии маишӣ Файзалӣ падари ду фарзанд аст, кишоварзу чорводор аст, дуредгарӣ мекунад, ҳунари таъмири нақлиёт ва занбурпарвариро ҳам дорад. Боғи падарашро нигаҳубин мекунад. Як ҷавони ҳамакора аст. Вале наворбардорию таҳияи гузоришҳояш дар байни кор сурат мегирад ва иқрор мешавад, ки агар як рӯз бо наворбардорӣ машғул нашавад, дилаш мекафад.
Мегӯяд, ҳар вақте аз ӯ мепурсанд, "барояш ин саргармӣ чӣ лозим аст?", мегӯяд: “Мехоҳам мардум хушҳолу хушбахт шаванд, чизи аз ин зиёд намехоҳам”.