Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони бевамондаи ҷангҷӯён зиндагиро аз нав шурӯъ мекунанд


Гулқадаҳ Ғаффорова – сокини 28-солаи ноҳияи Бохтар баъд аз хабари кушта шудани ҳамсараш дар ҷанги Сурия тасмим гирифт, ки дубора шонси оиладоршавиро бисанҷад. Ӯ гуфт, дигар намехоҳад дар ғаму маҳрумият зиндагиро бо як кӯдаки нимаятим идома диҳад.

Гулқадаҳ моҳи октябри соли 2008 ба ҳайси арӯс по ба хонаи Қудратулло Гулов, сокини ноҳияи Бохтар, гузошт ва фикр кард, ки бахт ба рӯяш хандидааст. Ӯ мегӯяд, хушии онҳо то моҳи октябри соли 2014 идома кард, то замоне, ки ҳамсараш ба ҳайси як узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, аз Сурия тамос гирифт.

Муҳоҷират, Русия, Сурия...

Гулқадаҳ Ғаффорова рӯзи 15-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш Қудратулло Гулов то замони издивоҷи онҳо низ барои мардикорӣ ба Русия мерафт ва баъди оиладорӣ низ ба ин сафараш идома дод. Макони асосии кори ӯ ҳамроҳ бо панҷ ҳамдеҳаи дигараш – як корхонаи коркарди меваву сабзавот дар шаҳри Маскав будааст.

Қудратулло Гулов.
Қудратулло Гулов.

Гулқадаҳ мегӯяд, дар бораи кору машғулият, андешаву афкор ва равобиту эҳсосоти ҳамсар зиёд иттилоъ надошт. Дар хонаводаи шавҳар низ одат набуд, ки Қудратулло бо Гулқадаҳ алоҳида телефонӣ сӯҳбат кунанду ба ҳам рози дил намоянд.

Хабарҳо аз зиндагии Қудратулло дар Русияро модари шавҳар ба ӯ мерасонд. Ва ҳамин модар буд, ки аз як занги кӯтоҳи телефонии Қудратулло дар соли 2014 фаҳмид, писар дар Русия неву дар Сурия аст ва барои пайвастан ба ҷангҷӯёни ДИИШ ба он ҷо рафтааст. Танҳо баъди камтар аз як сол мақомот хабари марги Қудратуллоро ба онҳо расонданд. Дар аксҳое, ки мақомот ба онҳо нишон доданд, чеҳраи Қудратуллоро шинохтан душвор набуд.

Саволе, ки беҷавоб мондааст

Гулқадаҳ Ғаффорова мегӯяд, агар солҳои ҷудоӣ бо ҳамсар як дард бошад, хабари ба Сурия рафта мурданаш дарди ҷонкоҳ шуд. Бемории ҷигараш авҷ гирифт ва ниҳоят соли гузашта ҷарроҳӣ шуд. Саволе, ки зеҳни ӯро ҳамеша азият мекунад, ин аст, ки чаро ҳамсараш, ки соҳиби хонаву ҷову фарзанд буд, ба ин роҳ рафт ва ӯву фарзандашро дар ними роҳ ҳайрон гузошт?

Гулқадаҳ, ки баъди марги ҳамсар боз як соли дигар дар хонаи волидони ӯ зистааст, ҳоло духтари 8-солаашро бо кӯмаки падари худ бузург мекунад. Зиндагӣ дар хонаи ҳамсар – деҳаи Гулзории ноҳияи Бохтар сангин шуд. Вай мегӯяд, ба занҳои шавҳардори танҳомонда, бахусус ҳамсарони ба истилоҳ “ҷиҳодиҳо”, ҳаққу ҳамсояҳо ҳам чандон назари хуб надоранд. Як соли охир Гулқадаҳ дар хонаи падари худ дар рустои Тоҷикободи ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад, гоҳо аз ҳисоби дӯзандагӣ пуле ба даст меорад.

“Аллакай хостгор дорам”

Ӯ мегӯяд, дигар ғаму андӯҳ ва нолаи оиладории нокому фоҷеаборро тоқат надорад. Қарор кард, ки зиндагии худро аз саҳифаи тоза шурӯъ кунад. Хостгоре ҳам дорад. "Шавҳар мекунам, ҳоло ман ҷавон ҳастам, нав 28-сола шудам. Як нафар пайдо шудааст. Аз ӯ пинҳон намедорам, ки ҳамсари пешинаам ба ин роҳ рафт, моро фикр накард. Ҳамаи бемориам аз пушти вай шуд. Дигар бас, намеистам, шавҳар мекунам. Шавҳарам ба ҳамон роҳ рафт, роҳаш аз худаш, бояд аз пайи зиндагиам шавам”, - гуфт ӯ.

Гулқадаҳ нагуфт, ки номзади нави ӯ кист ва бо чӣ машғул аст. Танҳо гуфт, дар муддати ин солҳои бешавҳарӣ талош мекард аз хона берун наравад, чун “мардум гапу ҳарфи зиёд мезананд”. Танҳо умедаш ин аст, ки ҳамсари наваш марди хубу ғамхор ва бомасъулияте мешавад, ки метавонад такягоҳи зиндагиаш дар оянда шавад.

Тақдири Мавҷӣ

Гулқадаҳ танҳо ҷавонзане нест, ки баъди дарёфти хабари марги ҳамсараш дар қаламравҳои зери назари гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор кард зиндагиро аз нав шурӯъ кунад. Мавҷӣ Ҳокимова, як сокини деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар, низ мисли Гулқадаҳ ду соли пеш хабари марги ҳамсарашро фаҳмидааст.

Ҳамсари Мавҷӣ яке аз ҳамкорони Қудратулло дар корхонаи мевабарории Маскав буд. Ин зан ҳам мегӯяд, дар синни хеле ҷавон бевазан шудааст ва бо тасмими волидони ҳамсараш ӯро дубора ба хонаи падару модараш баргардониданд. Мавҷӣ мегӯяд, худро ангуштнамои мардум эҳсос мекунад ва гоҳо мешунавад, ки мардум гӯё бо истеҳзо дар бораи сарнавишти “беваҳои ДИИШ”-и сӯҳбат мекунанд.

Бархе сокинони солхӯрдаи манотиқи деҳот мегӯянд, инки бархе ҷавонон агар беандешагӣ ваё ҳадафмандона ба ҷангҳои хориҷӣ рафта, ҷони худро қурбон мекунанд, ин интихоби онҳост. Вале вақте оилаҳои худ ва фарзандонашонро дар нимароҳ монда, боз ҳам обрӯи онҳоро доғдор мекунанд, ин як фоҷеаи инсонӣ аст.

“Онҳо рафтанд, мо дар азоб мондем”

Азимҷон Алимардонов, сокини ноҳияи Қубодиён, ки солҳои зиёд омӯзгор ва раиси маҳалла будааст, мегӯяд, то соли 2014 дар деҳаи Навбаҳор маҳбубият дошт, вале ба якборагӣ пайвастани панҷ наздикаш ба ДИИШ, ӯро дар ноҳия ва берун аз он ангушнамо кард. Азимҷон Алимардонов мегӯяд, ки пайвастани ду писар, келин ва духтару домодаш ба "Давлати исломӣ", ӯро шармсор кард ва дигар натавонист, ба кори омӯзгориаш идома диҳад.

Азимҷон Алимардонов.
Азимҷон Алимардонов.

"Духтарам бо шавҳараш дар Маскав зиндагӣ мекарданд, ҳардуяшон аз онҷо гум шуданд. Писарам низ аз Маскав бенишон шудааст, аз онҳо хабаре надорам, намояндагони корҳои дохилӣ ва амният гуфтанд, ки онҳо дар Сурия ҳастанд. Сабаби рафтани фарзандонам, ба фикрам, ба хотири камбизоатӣ буд, чун як писарам барои донишгоҳаш ба муҳоҷират рафта буд. Боз аз дини ислом хабар надоштанд”, - афзуд ӯ.

Мақомот мегӯянд, аз беш аз 1100 шаҳрванде, ки ба сафи ДИИШ пайвастааст, беш аз 500 нафарашон сокини вилояти Хатлон мебошанд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Хабари марги беш аз 60 ҷавони зодаи Хатлон ба хонаводаашон расидааст, вале садҳо хонаводаи дигар шабурӯз мунтазири гирифтани паёме аз наздикони худ аз қаламравҳои таҳти назорати "Давлати исломӣ" ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG