Ислом Каримови хурдӣ, набераи раиси ҷумҳури пешини Узбакистон ва писари Гулнора Каримова, Додситонии кулли ин кишварро барои таҳияи парвандаи, ба қавли ӯ, сохта алайҳи модараш муттаҳам кард. Ин иддаои Каримови хурдӣ рӯзи 1-уми август дар ҷараёни сӯҳбаташ бо телевизиони бахши узбакии Би-би-сӣ садо дод.
Мо ҳуҷҷати бузургеро дар бораи ҳар вазир ва афроди дигар, ки дар сохтори давлатӣ ҳастанд, омода мекунем. Ҳар кадоме аз онҳо на 2 миллиард, балки 3-4 миллиард доллар сармоя доранд.
Додситонии кулли Узбакистон рӯзи 28-уми июл хабар дод, ки алайҳи духтари калонии президенти пешини Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ ба қаллобӣ, пинҳон кардани асъори хориҷӣ, нақзи қонунҳои гумрукӣ ва қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ айбдор мешавад.
Додситонии кулл ҳисоб кардааст, ки Каримова дар 12 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Русияву Бритониё ва Фаронса, ба миқдори 2 миллиард доллар сармоя дорад.
Ислом Каримови хурдӣ дар сӯҳбат бо телевизиони бахши узбакии Би-би-сӣ гуфт, 2 миллиард доллар амволе, ки Додситонии кулли Узбакистон ба модараш нисбат додааст, марбути Гулнора Каримова нест. Ӯ гуфтааст, “агар далеле вуҷуд медошт, ҳатман бар асоси қарори додгоҳ амвол мусодира мешуд. Аммо ҳеҷ кишвари хориҷӣ, ки дар тафтишот ширкат доранд, на танҳо парванда, балки қарору ҳукмҳои додрасро дар Узбакистон эътироф накардаанд.”
Писари Гулнора Каримова мегӯяд, ки аз вазъи молии модараш хабар дошт ва иттиҳоми 2 миллиард доллар дороии ӯ, ба қавли Каримови хурдӣ, “аз ҳаво гирифта шудааст”.
Агар мақомоти Узбакистон воқеан мехоҳанд ҳақиқатро собит кунанд, модарам, Рустам Мадумаров, шавҳари граждании модарам ва ёвараш Гаяна Авакянро дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима кунанд.
“Ба ин маблағ шояд сармояи вазирони фасодзада ва хешу табори мо шомил шудааст. Ҳоло модарамро муҳокима мекунанду ин афрод аз об хушк баромада, ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Ман ҳоло аз онҳо ном намебарам. Мо ҳуҷҷати бузургеро дар бораи ҳар вазир ва афроди дигар, ки дар сохтори давлатӣ ҳастанд, омода мекунем. Ҳар кадоме аз онҳо на 2 миллиард, балки 3-4 миллиард доллар сармоя доранд. Аммо касе дар ин бора лаб намекушояд.”
Ислом Каримови хурдӣ дар идомаи сӯҳбаташ бо Би-би-сӣ таъкид кард, ки бо баёни ин ҳарфҳо даъво надорад модараш беҳтарин одами рӯи дунёст. Аммо гуфт, “фарди бадтарин ҳам нест.” Ӯ афзуд, "агар мақомоти Узбакистон воқеан мехоҳанд ҳақиқатро собит кунанд, модарам, Рустам Мадумаров, шавҳари граждании модарам ва ёвараш Гаяна Авакянро дар додгоҳи байналмилалӣ муҳокима кунанд. Касе тақозо намекунад, ки онҳо озод шаванд. Танҳо ба онҳо имконият дода шавад, ки дар додгоҳи байналмилалӣ дар муддати ҳадди ақал 5 дақиқа мавқеи худро бигӯянд. Ин дар ҳолест, ки ин афрод ҳатто ҳаққи 5 дақиқаи дидор бо хешу таборрро надоранд."
Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, ки дар арсаи ҳунар бо номи Гугуша низ маъруф аст ва аз ворисони эҳтимолии тахти падараш дониста мешуд, аз соли 2013 ба ин тараф нопайдост. Аз замоне ки номи ӯ дар робита ба ҷанҷоли фасод дар атрофи чӣ гуна ба бозори мухобироти Узбакистон роҳ ёфтани “VimpelCom“, ширкати русии МТС ва ширкати финниву шведии “TeliaSonera” расонаӣ шуд.
Дар тӯли ин муддат хабарҳои зидду нақиз дар бораи вазъи саломатӣ, дар ҳабси хонагӣ ё бемористони касалиҳои рӯҳӣ будани ӯ мерасид. Ӯро дар маросими видоъ ва дафни падараш дар моҳи сентябри соли гузашта дар Самарқанд низ надиданд.
Додситонии кулли Узбакистон бори аввал рӯзи 28-уми июл дар боздошт будани Гулнора Каримоваро тасдиқ кард ва ҷузъиёти парвандаҳои ӯро ошкор намуд. Бино ба иттилои Додситонии кулли Узбакистон, Гулнора Каримова моҳи августи соли 2015 бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд барои саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷуӣ ва маҳви асноди ширкатҳои офшорӣ айбдор шуда, озодияш барои 5 сол маҳдуд гардидааст.
Гулнора Каримова – духтари президенти собиқи Узбакистон, дар гузашта ба ҳайси сафири Узбакистон дар Испания ва дар идораҳои Созмони Милал дар Женева кор кардааст.