Мақомоти Покистон 25 узви Шӯрои ғайрирасмии як деҳаро барои судури ҳукми таҷовуз ба номуси духтари 16-сола ба ҳабс гирифтанд. Ин духтар Азро ном дошта, бародараш ба таҷовуз ба номуси як духтари 13-сола муттаҳам мешуд. Шӯрои деҳа дастур дод, ки ба ҳайси қассос бародари қурбонӣ ба номуси хоҳари муттаҳам таҷовуз кунад. Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерс" ҳукми Шӯро 17-уми июл иҷро шудааст.
Раиси пулиси шаҳри Мултон Аҳсан Юнус гуфтааст, ки дар судури ҳукм ва иҷрои 29 нафар муттаҳам буда, аз байни онҳо 25 кас то рӯзи 27-уми июл боздошт шудааст.
Ин қазия замоне рӯйи об баромад, ки ҳар ду оила писарҳои якдигарро бо таҷовуз ба номус айбдор карда, ба пулис ариза навиштанд.
Сарвазири вилояти панҷоби Покистон иброз дошт, ки як идда раҳбарони идораи умури дохилиро аз кор барканор кардааст. Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Панҷоб, гуфт, “дастур додам, ки ёвари раиси пулис, муовини раиси пулис, раиси пойгоҳи маҳаллии пулис ва муовини муфаттиши минтақавӣ корашонро мутаваққиф кунанд, то адолат барқарор гардад. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки иншоаллоҳ, адолат барқарор мешавад.”
Ин қазия замоне рӯйи об баромад, ки ҳар ду оила писарҳои якдигарро бо таҷовуз ба номус айбдор карда, ба пулис ариза навиштанд. Додгоҳи олии Покистон таҳқиқ ва ҳисобот дар бораи ин ҳодисаро амр додааст. Минтақаи мазкур соли 2002-ум бо ҳамин гуна фармони Шӯрои маҳаллӣ дар бораи таҷовузи дастҷамъӣ ба номуси зане сару садои зиёди байналмилалӣ ба бор оварда буд.
Дар Покистон анъанаи қадимии адолати ба истилоҳ “зудрас” ҷой дорад, ки аз тарафи сокинони деҳот ҳамчун алтернатива ба низоми фосиди додгоҳӣ арзёбӣ мешавад. Дар бахшҳои мухталифи Покистон мақомот ин гуна Шӯроҳоро таҳаммул мекунанд, вале додгоҳу пулис ҳукми онҳоро эътироф намекунад.