Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кори мушкил нест, ёд мегирӣ". Ё чӣ тавр духтари 19-соларо ба Дубай бурданд. ВИДЕО


Мавзӯи ҷалби занону духтарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои танфуршӣ дар Дубай ва кишварҳои дигар, ҳамоно доғ боқӣ мемонад ва духтарон ба вижа аз кишварҳои фақир бо ваъдаҳои болохонадору зиндагии беҳтар, қурбонии қочоқ ва ба танфурушӣ маҷбур мешаванд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз сарнавишти Айжаркин -- як сокини 19-солаи Қирғизистон қисса мекунад, ки қурбонии чунин корфармоён ва ё қочоқчиёни инсон шудааст.

Айжаркин духтари 19-солае аз Қирғизистон, ки ба наздикӣ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргаштааст, бо ваъдаи дарёфти кори хуб тавассути як шиносаш ба Дубай сафар кард. Қарор буд корро дар як маркази савдо шурӯъ кунад. Вале баробари ворид шудан ба кишвари бегона, огоҳ шуд, ки бояд на ба ҳайси фурӯшандаи мағоза, балки чун маҳсгар дар як толор кор кунад ва ба муштариёни мард хизматҳои хосе пешниҳод созад.

Дар яке аз гузоришҳои солонаи худ Департаменти давлатии Амрико, Қирғизистонро ба феҳрасти кишварҳои интиқолдиҳандаи нерӯи ғайриқонунӣ шомил кард.

Айжаркин мегӯяд. "Ӯ (корфармо) ба ман тӯҳфаҳои зиёд ваъда карда, дар рӯзи дуввум аллакай ба сари мақсад гузашт. Гуфт, чаро ту бояд 16-17 соат хоб накарда, кор кунӣ? Роҳи осони пулкоркунӣ вуҷуд дорад. Гуфт, ин кори мушкил нест, агар хоҳиш дошта бошӣ, зуд онро аз худ мекунӣ. Баъд ӯ нақл кард, ки муштариёне ҳастанд, ки ба ӯ маблағи хуб медиҳанд. Фақат бояд хостаҳои онҳоро иҷро кунад."

Баъд аз ин ба нақли Айжарқин, зани корфармо хост шиносномаи ӯро бигирад. “Ман гуфтам, чаро? Гуфт, бояд барои телефонам симкорт бихарад. Ман пешниҳод кардам, ки якҷо рафта харем. Вале ӯ рад кард",-мегӯяд ин духтари қирғиз.

Духтари дигаре, ки ҳамин тавр ӯро ҳам мехостанд дар салон кор пешниҳод кунанд ё аниқтараш ба танфурушӣ ҷалб кунанд, сабти навореро дар даст дорад, ки дар он ӯро ба танфурушӣ водор мекунанд. Дар ин навор ба духтар ваъда медиҳанд, ки дар 4 моҳ ӯ метавонад пули як хона дар ватанашро пайдо кунад. Корфармоён ба ин духтар гуфтаанд, ки "ҳарчи ки хостӣ, метавони бихарӣ. Муштариён одамони боваринок ҳастанд."

Гузориши видеоӣ бо забони русист:

"Кори мушкил нест, ёд мегирӣ" ё чӣ тавр духтари 19-соларо ба Дубай бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Баъди ду рӯз Айжаркин ба таври муъҷизавӣ тавонист аз дасти миёнравҳо дар Дубай фирор кунад. Ӯ ба хонаашон баргашт ва мегӯяд, танҳо баъди чандин моҳ тавонист каме ба худ ояд. Дар бораи ин, ки қариб буд ба ғуломии шаҳвонӣ биафтад, ба касе аз наздиконаш то ҳанӯз нагуфтааст. Ин қазияро ҳоло пулиси Қирғизистон тафтиш мекунад. Вале дар робита ба зане, ки ӯро ба Дубай бурд, ҳанӯз парванда боз нашудааст.

Духтарони муҳоҷир аз кишварҳои миёнҳол, бо ҳадафи дарёфти кори муносиб дар кишвари дигар зиёд ба чунин ҳолатҳо гирифтор мешаванд. Дар бозори Ӯши дар маркази Бишкек, эълонҳои кор дар хориҷ тавассути балангӯякҳо якбора аз чанд гӯшаи бозор шунида мешавад.

Маҳз тавассути чунин эълонҳо, замоне, яке аз муштариёни маркази буҳронӣ барои занон бо номи “Сезим” барои кор ба хориҷ рафта буд. Дар наздикии Маскав духтарро иҷборан чанд моҳ манъ кардаву ба танфурушӣ маҷбур намудаанд. Бубусара Рыскулова, Раҳбари маркази бӯҳронии "Сезим" мегӯяд, дар таҷрибаи корӣ ба ҳодисаҳои зиёди қочоқу ғулом кардани ҷавондухтарони то 20-сола, рӯ ба рӯ шудааст.

"Духтарони 18-солае аз оилаи хубу доро, зебову бомаърифат ҳам қурбонии чунин ҳодисаҳо мешаванд. Миёнравҳое, ки мехоҳанд ба воситаи онҳо пул кор кунанд, онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки ба касе нагӯяд, маош ҳазор доллар аст ва дар тобистон кор карда меояд."

Ҳар сол ба маркази "Сезим" ҳудуди 30 духтари ҷабрдида барои кӯмак муроҷиат мекунанд. Дар маҷмӯъ, теъдоди чунин духтарон, чӣ қадар аст ва ба онҳо чӣ рух додааст, касе дақиқ намедонад. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иқрор мекунад, ки омори расмии қурбониёни табъизи ҷинсӣ, аз воқеият фарқ мекунад.

Дар яке аз гузоришҳои солонаи худ Департаменти давлатии Амрико, Қирғизистонро ба феҳрасти кишварҳои интиқолдиҳандаи нерӯи ғайриқонунӣ шомил кард. Тибқи санадҳо ҳам ин кишвар ба рӯйхати кишварҳое шомил аст, ки дар он инсон ва занон ба хотири танфурушӣ, қочоқ мешаванд.

XS
SM
MD
LG