Марҳилаи севуми мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои даври 15-ум, ки рӯзҳои 5-6 август баргузор мешаванд, оғоз меёбад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври 15-ум чаҳор бозӣ миёни дастаҳои «Истиклол» (Душанбе) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳосилот» (Фархор) – ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Панҷшер» (Балхӣ) барпо мегардад.
Бозиҳои даври 16-ум бошанд, рӯзҳои 12-13 август байни дастаҳои «Вахш» – «Панҷшер», ССКА «Помир» – «Хуҷанд», «Барқчӣ» – «Ҳосилот» ва «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» доир мешаванд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқаи имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шакли нав сурат гирифтааст. Мусобиқа аз се давра иборат аст ва ҳар як даста ҳамагӣ 21 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки дар зинаи охирин, яъне ҳаштум қарор мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки мақоми пеш аз охирин, яъне ҳафтумро соҳиб мешавад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал ду бозӣ анҷом хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 13 бозӣ 33 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Шогирдони Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 10 бозӣ пирӯз шуда, се бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додаанд. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст.
Дастаҳои «Хуҷанд» ва ССКА «Помир», ки нисбат ба пешсаф 12 имтиёз камтар гирифтаанд, мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи «Барқчӣ» бо 16 имтиёз ҷойи чаҳорумро касб кардааст.
Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад. Ду ҷойи баъдиро ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Бозоров (7 гол) ва Фарҳод Тоҳиров (6 гол) аз они худ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи лигаи олӣ то рӯзи 29-уми июл танаффус эълон шудааст. Дар ин давра дастаҳо имкони даъвати бозигарони навро пайдо кардаанд. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо баргузории бозиҳои даври чордаҳум рӯзҳои 29-30 июл идома хоҳад кард.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
13 |
10 |
3 |
0 |
42-7 |
33 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
13 |
6 |
3 |
4 |
21-12 |
21 |
3 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
13 |
5 |
6 |
2 |
9-7 |
21 |
4 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
13 |
4 |
4 |
5 |
9-15 |
16 |
5 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
13 |
4 |
3 |
6 |
13-22 |
15 |
6 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
13 |
3 |
5 |
5 |
9-14 |
14 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
13 |
3 |
2 |
8 |
16-28 |
11 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
13 |
2 |
4 |
7 |
8-22 |
10 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 7 тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд») – 6 тӯб.
Даври 14-ум
29 июл (шанбе)
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ
ССКА «Помир» – «Вахш»
30 июл (якшанбе)
«Барқчӣ» – «Истиқлол»
«Хуҷанд» – «Ҳосилот»
Оғози бозиҳо – соати 18:00