Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва ИМА моҳи ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон “машқҳои фармондеҳӣ-ситодии бисёрмиллиятии ҳарсола дар чорчўбаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ - 2017”, баргузор мекунанд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст ин тамринҳо “аз 21 июл то аввали моҳи август тӯли 10 рӯз идома ёбад”. Аммо дар варақаи иттилоотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин тамриноти амниятии панҷ кишвар бо ширкати нозирон аз Қазоқистон “аз 10 то 23 июл танҳо дар шаҳри Душанбе” баргузор мешаванд.
Тибқи иттилои ин манбаъ, машқҳои "Ҳамкориҳои Минтақавӣ - 17” амалиёти намунавии сулҳофариниест, ки ба мандати СММ, бо таваҷҷӯҳи умда ба мубориза зидди терроризм, амнияти сарҳадӣ, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо барои рафъи офатҳои табиӣ ва баргузории амалиётҳо барои нигаҳдории субот, ҷавобгӯ мебошад”.
“Роҳбарии ин машқи низомиро вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст”, - таъкид шудааст дар иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон. Аммо Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, ки кишвари баргузоркунандаи ин машқҳо, масъули ин тамринот мебошад.
Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, панҷ кишвар ва беш аз 200 намояндгони кишварҳои узв дар ин машқи низомӣ ширкат хоҳанд кард. Манбаъ мегӯяд, ки ғайр аз ин, аз 17 то 21 июл нерӯҳои ИМА ва Тоҷикистон машқҳои муштараки майдониро дар наздикии Фахробод баргузор хоҳанд кард.Чунин машқҳо ҳамасола аз соли 2001 ба ин сӯ дар чорчўбаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ баргузор мешаванд ва машқи охирин дар иёлоти Массачусетси ИМА аз 16 то 28 сентябри соли 2016 баргузор шуда буд.