Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши дигари ҳомиёни ҳуқуқ барои решакан кардани шиканҷа


Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон оғози маъракае бо номи «Мо муқобили шиканҷа! Имрӯз! Фардо! Ҳамеша!»-ро эълон кард. Шоира Давлатова, раҳбари гурӯҳи иттилоотии Эътилофи зидди шиканҷа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксияи мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн қайд карда мешавад, бахшида шудааст.

Ба гуфтаи хонум Давлатова, то охири ин моҳ дар сомонаи Эътилоф www.notorturetj.org ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро нашр хоҳанд шуд. Аксияи «Мо муқобили шиканҷа! Имрӯз! Фардо! Ҳамеша!» дар ҳоле эълон мешавад, ки Эътилофи зидди шиканҷа моҳи декабри соли гузашта достонҳои 14 қурбонии шиканҷаро дар маҷмӯаи “Тақдирҳои шикаста. Умрҳои рабуда” нашр кард.

Ҳар яке аз ин достонҳо аз сарнавиштҳои фоҷеабор ва беҷавоб мондани омилони ин ҷиноятҳо қисса мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят ва зиндониён дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад ва мақомот барои решакан кардани ин зуҳурот ба қадри кофӣ саъй намекунанд.

XS
SM
MD
LG