Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисони бозорҳо гуфтаанд, аз ӯҳдаи иҷрои амри Рустами Эмомалӣ набаромаданд. ВИДЕО


Ду раиси бозори калони Душанбе – бозори умдафурӯшии «Деҳқон» ва «Шоҳмансур» аз мақомҳояшон канор рафтаанд. Матбуоти дохилӣ бо такя ба шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки Зиёвуддин Наҷмиддинов ва Маймаҳмуд Мӯъминов бо тасмими худ мақомҳои худро канор гузоштанд ва далели ин талошҳои ноком барои поин бурдани қимати маҳсулоти ғизо дар мавсими Рамазон будааст.

Аз ҷумла, хабаргузории «Авеста» бо такя ба манбааш дар шаҳрдорӣ навишт, ки раисони бозорҳо дар аризаҳои худ гуфтаанд, ки натавонистаанд аз ӯҳдаи иҷрои амри шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар заминаи роҳ надодан ба болоравии нархҳо бароянд ва бо ҳамин сабаб ихтиёран курсиҳои худро холӣ мекунанд. Ба ҷои онҳо аллакай нафарони нав, аз ҷумла Нурулло Алиев ба вазифаи раиси «Шоҳмансур» ва дар мақоми раиси бозори «Деҳқон» Суннатулло Назаров таъйин шудаанд.

Дар остонаи моҳи Рамазон, ки 27 май шурӯъ шуд, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ қароре дар бораи зарурати таъмини беҳтари маҳсулоти кишоварзӣ ва роҳ надодан ба болоравии сунъии нархи маҳсулот дар бозор содир ва комиссиюни вижаро барои назорат аз иҷрои ин қарор ҳам таъсис дод.

Вале баъди ин ҳам сокинони Душанбе, аз ҷумла дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, аз болоравии нархҳо дар Рамазон шикоят карда гуфтанд, ки тафовути нархи маводи ғизо ҷиддан эҳсос ва муштариёнро ноумед мекунад. Коршиносон мегӯянд, ки мушкили нарху наворо қонуни бозор муайян мекунад ва бисёр тоҷирон аз омилҳои мухталифи таъсиргузор ба болоравии нархҳо, аз ҷумла арзиши тағйирёбандаи маводи сӯхт, арзи хориҷӣ, қимати моли харидоршаванда аз деҳқон тавассути миёнарав ва дигарҳо мисол меоранд.

Дастури шаҳрдорӣ ҳам ба нархҳо таъсир накард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

XS
SM
MD
LG