Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарқ шудани як прапоршик ва ду ноболиғ дар "Баҳри тоҷик"


Кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд аз обанбори "Баҳри тоҷик" дар шаҳри Гулистон (Қайроқуми пешин), ҷасади ду ноболиғ ва як афсари қисми низомиро, берун оварданд.

Аз ин ситод рӯзи 24 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ғаввосони ин ниҳод ҷасадҳои бародарон Сардор ва Марат Боймуродовҳои 8 ва 13-соларо, ки сокинони деҳаи Дашқарантоғи Конибодом мебошанд, рӯзҳои 20 ва 21 май аз об берун оварда ва барои гӯронидан ба наздиконашон супурданд. Ба иттилои манбаъ, "ин бародарон ҳангоми чаронидани ҳайвоноти хонагӣ барои оббозӣ вориди обанбор шуда, ғарқ шудаанд.”

Ҳамчунин бино ба хабари Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд, прапоршики 23-солаи як қисми низомӣ низ рӯзи 21-уми май дар мавзеи кӯли «Лангар»-и шаҳри Гулистон ғарқ шудааст. Аз ин прапоршики фавтида сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ном бурда мешавад. Шоми рӯзи якшанбе ҷасади ӯро аз кӯл берун оварда, ба наздиконаш супурдаанд.

XS
SM
MD
LG