Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар Кӯлоб


Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.
Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.

Бино ба гузоришҳо, афроди номаълум шаби 13-уми май як корманди кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро дар манзили зисташ 7 ё 8 корд зада ва сахт маҷрӯҳ кардаанд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин афсари амниятӣ дар назди хонааш дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб ҳамла карда ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ афсари 25-сола "беҳушу беёд ва зери дастгоҳҳои тиббӣ" нигаҳ дошта мешавад ва вазъи сиҳатиаш бисёр вазнин аст.

Ҳамла соатҳои тақрибан 10 ба 11 шаб ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар бораи ин ҳамла чизе нагуфтаанд ва маълум нест, ки чанд нафар ва барои чӣ ба ин афсари Кумитаи амнияти миллӣ ҳамла кардаанд.

Амалиёти муштараки кумитаи амният ва вазорати умури дохилӣ барои боздошти омилони ҳамла идома доштааст. Дар Тоҷикистон ҳамла ба кормандони амниятӣ ва афсарони пулис бисёр кам иттифоқ меафтад ва агар сурат гирифта бошад ҳам ба гуфтаи мақомот дар заминаи маишӣ ва ё моҷароҳои хусусӣ будааст.

Азбаски Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст ва ҳоло аз таҳдидҳои амниятие ба мисли ифротгароии исломӣ нигарон аст, чунин ҳодисаҳо, мақомоти амниятӣ ва мардумро нигарон мекунанд.

XS
SM
MD
LG