Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар наздикии кӯли Сарез


Мақомот гуфтанд, ки субҳи 12 май боз як заминларза Тоҷикистонро такон дод. Бино ба хабари Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон, ин заминларза соати 07:48 сабт шудааст. Манбаъ мегӯяд, маркази зилзила 357-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 23-километрии шарқи кӯли Сарез буд. Нирӯи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар кӯли Сарез 3 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин заминларза қурбонӣ ва харобӣ дар пай надошт. Тайи тақрибан ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон, бахусус шарқи кишвар чандин мавриди заминларза сабт шудааст. Мақомот гуфтанд, ки дар пайи ин заминларзиҳо ҳудуди даҳ хона дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) пурра ё қисман хароб гардидааст.

XS
SM
MD
LG