Номзади пештози интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ислоҳ шавад, вагарна бо “фрекзит” ё таҳдиди аз ҳайати созмон берун шудани Фаронса рӯбарӯ мешавад. Изҳороти Макрон рӯзи 1 май дар мусоҳибааш бо BBC чанд рӯз пеш аз овоздиҳии ниҳоии интихоботӣ садо дод. Даври дуюм ва ниҳоии интихоботи президентии Фаронса рӯзи 7 май баргузор мешавад ва дар ин овоздиҳӣ Макрон дар муқобили номзади ростгаро Марин Лё Пен қарор мегирад. Макрон дар мусоҳибааш рӯзи 1 май гуфт, ки “Идеяи Аврупо ва сиёсатҳои аврупоӣ” барои Фаронса фавқулодда муҳим аст, вале илова кард, ки ҷомеаи Фаронса “бо сабаби бефаъолиятии ИА имрӯз фавқулодда хашин, бетаҳаммул ва беамал шудааст”.
Лё Пен ҳам бо дидгоҳҳои интиқодиаш дар нисбати Иттиҳодияи Аврупо маъруф буда, таҳдид кардааст, ки берун рафтани Фаронса аз ҳайати ин иттиҳодро дар раъйпурсӣ матраҳ хоҳад кард. Вай ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиаш дар интихобот назорати марзҳои Фаронсаро аз ихтиёри Иттиҳодияи Аврупо ба даст оварда, мизони муҳоҷиратро коҳиш медиҳад. Пурсишҳои афкори умум мавқеи Макронро дар интихобот аз Лё Пен 20 дар сад бештар нишон медиҳад.