Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академия ҳаққи боз кардани парвандаи маъмуриро ба даст овард


Дар Тоҷикистон ба Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи улум ваколати боз кардани парвандаҳои маъмуриро доданд. Ин тасмими Тоҷикистон дар пайи қабули як қатъномаи нав аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид барои ҷилавгирӣ аз гардиши силоҳҳои ҳастаӣ, кимиёвӣ ва биологӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 22 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми ошкор шудани мавридҳои интиқоли ғайриқонунии силоҳҳои ядроӣ, кимиёвӣ ва биологӣ мудирону роҳбарони филиалҳои Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ваколати боз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пайдо мекунанд".

Фарҳод Раҳимӣ
Фарҳод Раҳимӣ

Раҳимӣ афзуд, дар Тоҷикистон моддаҳои ядроӣ ва радиоктив ҳастанд ва аз ин рӯ эҳтимоли руй додани чунин ҷиноятҳо дар ин самт вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, “махсусан изотопҳои радиоактивӣ дар соҳаи тиб ва дар гузаргоҳҳои гумрукӣ барои муайян кардани дохили молу коло истифода мешавад. Маъмурони Оҷонсии мо бояд гардиши маводи радиоактивиро назорат кунанд ва дар сурати ошкор шудани чунин қонунвайронкунӣ нисбат ба ин қабил афрод парвандаҳои маъмурӣ боз намоянд."

Президенти Академия улум гуфт, Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ бо кумаки МАГАТЭ – Оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин аст ва дар гузаргоҳҳои марзӣ бо таҷҳизоти хеш амнияти радиатсионии маводи интиқолмеёфтаро месанҷанд.

Дар Тоҷикистон то кунун чор ниҳоди давлатӣ - Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии кулл, Вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия салоҳияти боз кардани парвандаҳоро доштанд.

XS
SM
MD
LG