Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои идомаи музокирот аз Русия 10 рӯз вақт хостааст


Тоҷикистон барои идомаи музокирот бо Русия дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳо даҳ рӯз фурсат хостааст. Валерий Окулов – муовини вазири нақлиёти Русия – рӯзи 13 апрел дар ин бора ба хабарнигорон иттилоъ дод ва гуфт, “феълан дар музокирот танаффус эълон шудааст.” Вай аз ин ҷузъиёти бештар надод. Хабаргузории ТАСС мегӯяд, қарор аст, музокироти Тоҷикистону Русия рӯзи 22 апрели имсол аз сар гирифта шавад.

Музокирот вориди бунбаст нашуда ва баъдан идома хоҳад кард. Мо аз ҷониби Русия вақт хостем, ки ин масъаларо ҳамаҷониба муҳокима карда ва сипас, ба музокирот равем.

Ганҷалзода: Музокирот вориди бунбаст нашудааст

Ҳайати расмии Тоҷикистон рӯзи 12 апрел аз Русия ба Душанбе баргашт. Дар ҳоле ки масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз шарҳи ҷузъиёти музокирот худдорӣ мекунанд, зоҳиран ҷонибҳо натавонистаанд дар атрофи масоили мавриди баҳс ба тавофуқ расанд. Шералӣ Ганҷалзода – муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар музокироти Маскав – рӯзи 13 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “музокирот вориди бунбаст нашуда ва баъдан идома хоҳад кард”. Вай, гуфт, “аз ҷониби Русия вақт хостем, ки ин масъаларо ҳамаҷониба муҳокима карда ва сипас, ба музокирот равем”.

Александр Волков, корманди дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Русия, низ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи тафсилоти музокироти ҳайатҳои ҳавонавардии Тоҷикистону Русия худдорӣ кард. Афзун бар ин, дар вебсайти ин вазорат дар мавриди баргузории ин музокирот аслан иттилое нашр нашудааст.

Тоҷикистону Русия беш аз се моҳ боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доранд. То кунун чанд даври музокирот дар Душанбеву Маскав баргузор шуда, аммо ҷонибҳо натавонистанд дар ин маврид ба натиҷаи мусбат бирасанд. Тарафи Русия мехоҳад, ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвозҳо анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад ва Русия бо талаби вориди бозори ҳавоии ин кишвар шудани ширкати нави «Ямал» муқарарроти баробарӣ ё паритетро дар шумори парвозҳо нақз мекунад.

Ба бовари Иброҳим Ҷобиров, коршиноси масоили ҳавонавардӣ, чунин паритет на танҳо дар шумори парвозҳо, балки дар таъйини қимати билети ҳавопаймо низ риоят шавад. “Бояд нархгузорӣ миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия мувофиқа шавад. Ҳозир ширкатҳои русӣ нархи билетро паст мекунанд. Ҳатто дар сурати аз парвозҳо фоида нагирифтан ҳам ин корро мекунанд. Мақсадашон як аст. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон муфлис шаванд ва парвозҳоро худашон анҷом диҳанд”.

Дар пайи забон наёфтанҳо Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кардааст. Тоҷикистон ду ҳафта пеш расман ҳушдор дод, ки ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Ба дунбол, Маскав ҳайати Тоҷикистонро ба музокирот хонд ва бо хатми гуфтугӯҳо ҳанӯз маълум нест, ду тараф мушкилро чигуна ҳал кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар доданд, феълан дар парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия ба Душанбе тағйироте рух надода ва парвозҳо тибқи ҷадвали расмӣ анҷом мешаванд. Солона на камтар аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд ва солҳои охир ҳавопаймо аз умдатарин василаи расидани муҳоҷирони тоҷик ба Русия шудааст. Ин вазъ тиҷорати ширкатҳои ҳавоиро гарм нигоҳ медорад ва онҳо дар амри ҷалби муштарии бештар аз рӯи қонуни бозор амал карда, қимати билети парвозро ҳам муносиб ба кисаи муҳоҷирон мекунанд. Тафовути қимати парвозҳо гоҳо аз се то чор баробарро ташкил дода, ногузир ширкатҳоро дар шароити рақобати шадид қарор медиҳад.

Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари соҳибистиқлол аст ва ба фарқ аз бархе ихтилофҳои лафзии гузашта ин навбат касе натиҷаи ин баҳсҳоро пешгӯӣ карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG