Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Тоҷикистон аз музокирот бо Русия баргашт. Аммо бо чӣ?


Ҳайати расмии Тоҷикистон баъди музокирот бо мақомоти ҳавонавардии Русия ба Душанбе баргаштааст. Шералӣ Ганҷалзода – муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайат – рӯзи 13 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард, вале аз баёни ҷузъиёти музокирот худдорӣ намуд. Ганҷалзода танҳо гуфт, ба зудӣ дар ин замина изҳороти муштарак пахш хоҳанд кард. Тоҷикистону Русия беш аз се моҳ боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доранд. То кунун чанд даври музокирот дар Душанбеву Маскав баргузор шуда, зоҳиран ҷонибҳо натавонистаанд дар ин маврид ба натиҷаи мусбат бирасанд. Тарафи Русия мехоҳад, ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад. Дар пайи забон наёфтанҳо Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кардааст. Тоҷикистон ду ҳафта пеш расман ҳушдор дод, ки ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Ба дунбол, Маскав ҳайати Тоҷикистонро ба музокирот хонд ва бо хатми гуфтугӯҳо ҳанӯз маълум нест, ду тараф мушкилро чигуна ҳал кардаанд.

XS
SM
MD
LG