Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе намоишгоҳи таҳсил дар хориҷаро пароканда карданд


Пулиси Тоҷикистон аз баргузории намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа дар Душанбе ҷилавгирӣ карда ва довталабону меҳмонҳоро пароканда намудааст. Манзура Ҷӯраева – масъули созмони “Мултикид” ва аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ – рӯзи 1 апрел бо пахши изҳороти расмӣ дар чунин ранг гирифтани кор мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро айбдор кард.

То ҳол Вазорати маориф ва мақомоти пулис далели пароканда кардани довталабону меҳмонони намоишгоҳи таҳсил дар хориҷаро шарҳ надодаанд. Аммо Манзура Ҷӯраева дар суҳбат бо хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, "пулис ба довталабон таъкид кард, ки инҳо шуморо фиреб дода, ба ҷои Аврупо ба Сурия мебаранд." Дар пайи зангҳои такрор ба такрори Радиои Озодӣ Манзура Ҷӯраева ба суолҳои мо посух надод ва танҳо гуфт, ки бо ҳамин изҳороташ иктифо мекунад.

Дар изҳороти расмии ӯ гуфта шудааст, "намегузорам, бо созмони ман, ки аз соли 1999 барои ватан хидмат мекунад, чунин рафтор кунанд. Ҳоло ҳайронам, ки ман кӣ ҳастам – ҷинояткор ё мутахассисе, ки президент барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф бо медал қадрдонӣ кардааст?"

Раҳбари созмони "Мултикид" мегӯяд, навору аксҳои шахсии онҳо аз ҷараёни омодагӣ ба намоишгоҳ ва чигуна пароканда шудани меҳмонҳову довталабон мусодира гардидааст. "Ман аз ҳамаи меҳмонҳо, бахусус, 500 довталабе, ки барои имтиҳонсупорӣ дар Душанбеву Хуҷанд сабт шуда буданд, узр мехоҳам", - афзудааст ӯ.

Дар гузашта дар пойтахт ва манотиқи дигари кишвар намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа бисёр баргузор шуда, бори аввал аст, ки мақомоти интизомӣ монеаш мешаванд. Созмони “Мултикид”, ки ба таълими забонҳои хориҷӣ ва ташкили таҳсили довталабони тоҷик дар берун аз кишвар маъруф аст, аз марказҳои ҷиддӣ ба шумор мерафт. Масъулони созмон мегӯянд, ин дафъа барои иштирок дар намоишгоҳи онҳо ёвари раиси ҷумҳур оид ба равобит бо ҷомеа, муовини шаҳрдори Душанбе, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва сафирони Амрикову Бритониё даъват шуда буданд.

XS
SM
MD
LG