Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев бо даъвати Матвиенко ба Русия меравад


Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Валентина Матвиенко
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Валентина Матвиенко

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии порлумони Тоҷикистон – ба Русия хоҳад рафт. Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин сафари Убайдуллоев рӯзи 25 март бо даъвати Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои узви ИДМ, сурат мегирад. Ба қавли ӯ, ин сафар то 29 март дар шаҳри Санкт-Петербург идома карда, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаҳои бахшида ба 15-солагии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ низ иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи январи имсол аз мақоми шаҳрдори Душанбе барканор ва ба ҷойи ӯ писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таъин гардид. Убайдуллоев бист соли охир раёсати Душанберо бар ӯҳда дошт. Ӯ баъд аз таъсиси палатаи болоии порлумон дар моҳи апрели соли 2000 раиси Маҷлиси Миллӣ низ интихоб шуда ва 17 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG