Ҳукумати Тоҷикистон дар як қарор феҳрасти корҳоеро мушаххас кардааст, ки истифодаи меҳнати афроди то 18-сола дар онҳо манъ аст. Аммо ин рӯйхат корҳои саҳро, аз қабили пахтачинӣ, ҷамъоварии меваву сабзавот ва чорводориро дар бар намегирад. Бино ба пажӯҳиши Кумитаи омори Cозмони ҷаҳонии кор, аз 2,2 миллион кӯдаки аз панҷ то ҳабдаҳсолаи Тоҷикистон 23 дар сад ё 552 ҳазор нафарашон вориди бозори кор шудаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки вазъи кӯдакон дар солҳои ахир вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ ва бозгашти муҳоҷирон, бадтар шудааст.
Дар қарори ҳукумат истифодаи меҳнати кӯдакон дар бозорҳо ба ҳайси мошиншӯ ва аробакаш зикр нашудааст.
Обмонӣ манъ, аммо пахтачинӣ – иҷозат?
Дар қарори ҳукумат, ки таҳти №110 ба тасвиб расида, рӯзи 24 март дастраси Радиои Озодӣ шуд, номгӯи 31 соҳае зикр шудааст, ки набояд наврасон ба онҳо ҷалб шаванд. Аз ҷумла, бояд меҳнати кӯдакон дар корҳои кӯҳканӣ, сохтмони нақбҳо, истеҳсол ва интиқоли қувваи барқ ва гармӣ, истихроҷи нафту газ ва корҳои дигари вазнин истифода нашавад.
Дар гузашта асосан аз истифодаи меҳнати кӯдакон ва наврасони тоҷик дар кори саҳро ва чорводорӣ изҳори нигаронӣ мешуд. Дар ҳоле ки ҳудуди 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва давоми 8-9 моҳ ба деҳқонӣ ва чорводорӣ рӯз мегузаронанд, ба гуфтаи коршиносон кӯдакон низ дар қатори волидони худ маҷбуранд, ки ба ин корҳо шуғл варзанд. То ҳол мақомоти тоҷик расман шарҳ надодаанд, ки чаро корҳои аслӣ барои наврасони тоҷик манъ нашуд. Аммо огоҳони соҳа мегӯянд, манъ кардани корҳои саҳроӣ бебандубориеро дар деҳоти Тоҷикистон ба миён меовард ва назорати иҷрои ин қарор низ ба бунбаст рубарӯ мешуд.
Мошиншӯ ва аробакашҳо ҳам аз қарор берун мондаанд
Меҳнати кӯдакон аз масъалаҳои мавриди интиқоди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қаблан дар кишвар хонандагони мактабҳо муташаккилона ба ҷамъоварии пахта ҷалб мешуданд. Баъди интиқодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ Вазорати маориф ва илм бо як қарор ин корро манъ кард ва баръакс назорат аз болои иштироки хонандагон дар мавсими корҳои саҳроиро дар макотиб сахт гирифт. Ҳарчанд директорони макотиби миёнаи Тоҷикистон, ки намехоҳанд номашон ифшо шавад, мегӯянд, ҳоло низ дар моҳҳои сентябр-октябр иштироки наврасон дар дарсҳо бо мушкилӣ таъмин мешавад.
Дар қарори ҳукумат ҳамчунин истифодаи меҳнати кӯдакон дар бозорҳо ба ҳайси мошиншӯй ва аробакаш низ зикр нашудааст.
“Ман чӣ гуна дар хона мешинам?”
Наврасони тоҷик мегӯянд, кор дар саҳро ва чорводорӣ барои онҳо як одати маъмулӣ аст. Ба гуфтаи наврасон барои онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки дар мавсими муташаккилонаи кори саҳро дар хона бошанд ва ё ба дигар кор машғул шаванд.
Абдулқодири Содиқ, як сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, дар синфи 9-ум таҳсил мекунад ва дар фасли тирамоҳ танҳо баъди он ба мактаб меравад, ки роҳбари синфашон ба хона ояд. Вақти асосии ӯ бо кор дар саҳро сипарӣ мешавад. “Падарам дар муҳоҷират аст, бародари калониам донишҷӯ аст ва дар Душанбе таҳсил мекунад. Ман акнун фарзанди калони хона ба ҳисоб меравам ва дар кори саҳро ба модар ва хоҳарам кумак мекунам. Ман ҳоло “марди хонаам” ва чӣ хел мешавад, ки дар хона ё мактаб бошаму модару апаам танҳо дар саҳро кор кунанд?” - суол гузошт ӯ.
Ин ҳамсуҳбати ҷавони мо мегӯяд, ӯ ҳам намехоҳад дарсҳои мактабро тарк кунад, вале дар ҳоли ҳозир чораи дигар надорад.
Мушкил ҳал мешавад, вале бо кундӣ
Ҷовид Ҷӯраев, коршиноси масоили иҷтимоӣ, гуфт, мушоҳидаҳои ӯ нишон медиҳанд, ки солҳои ахир истифода аз меҳнати наврасон дар саҳроҳо коҳиш ёфта, баръакс дар бозорҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ҷӯраев рӯзи 24 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бештари аҳолии мо фикр мекунанд, ки ҳар қадаре кӯдаконро ба кор ҷалб кунанд, ба оилаи онҳо даромади хуб ворид мешавад. Аммо тадқиқот нишон медиҳад, ки истифода аз меҳнати кӯдакон ҳеҷ гоҳ онҳоро аз камбизотаиву фақр дар ягон ҷо халос накардааст.”
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳадаф аз ҷалби кӯдакону наврасон ба кор набояд сӯистифода аз меҳнати онҳо бошад. Балки наврасон бояд ба корҳое ҷалб шаванд, ки ба рушду камоли онҳо мусоидат кунад. Ба гуфтаи Ҷовид Ҷӯраев, зиёд ҷалб шудани наврасон ба кор дар саҳро ва чорводорӣ ҳам яке аз натиҷаи бади иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
“Бештари муҳоҷирони меҳнати мо мардони аз 17 то 65 сола ҳастанд ва теъдоди зиёди онҳо ҳам аз деҳотҳои Тоҷикистон мебошанд. Дар ин ҳолат як заминае барои сӯистифода аз меҳнати кӯдакон эҷод мешавад. Яъне норасоии қувваи корӣ ба он мерасонад, ки хоҳ оила ва хоҳ дар хоҷагӣ бештар аз меҳнати занону кӯдакон истифода шавад. Яъне кӯдакон дар қатори занон маҷбур мешаванд, ки ба корҳои вазнини саҳроӣ ҷалб шаванд,”-афзуд ӯ.
Дар доираи мубориза бо кори кӯдакон, ҳамасола дар кишвар миёни кӯдакони оворагарду коргар рейдҳо гузаронда мешавад. Кӯдакон аз бозору хиёбонҳо аз ҷониби пулис боздошт ва волидони онҳо барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷарима мешаванд.