Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми Навалнийро дар бораи Медведев 10 миллион бор тамошо карданд


Филми мустанади мухолифи рус Алексей Навалнийро дар бораи дороиҳои сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар саҳифаи YouTube беш аз даҳ миллион корбар тамошо кард. Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний рӯзи 2 марти соли равон филми мустанадро нашр кард. Таҳқиқот тасдиқ мекунад, ки гӯиё сарвазир Медведев тамоми дороиҳои худро дар Русия ва хориҷ аз он ғайриқонунӣ соҳиб шудааст.

Навалний сарвазири Русияро ба созмон додани "нақшаи чандсатҳии коррупсионӣ" дар асоси бунёдҳои хайриявӣ, ки аз тарафи шахсони боэътимодаш идора мешаванд, айбдор мекунад. Дар ҳукумати Русия аз шарҳи ин иттилоъ худдорӣ карданд. Баъди нашри натиҷаҳои таҳқиқот фаъолон дар даҳҳо шаҳри Русия ба мақомот муроҷиат карда, хостанд, ки барои баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ иҷозат диҳанд. Вале шаҳрдории пойтахти Русия ба фаъолон ҷавоби рад дод.

Ҳукумати шаҳри Нижний Новгород нахуст барои тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ иҷозат дод, вале баъдан қарори манъи онро ба фаъолон фиристод. Мақомоти Екатеринбург гуфтанд, тазоҳурот зидди сарвазир Медведев "мухолифи Конститутсияи Русия аст".

XS
SM
MD
LG