Мақомоти пулиси Суғд феҳраст ё рӯйхати, ба қавли онҳо, тақрибан чаҳорсад "оилаи ҷанҷолиро" сабт кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки солҳои ахир хушунату ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар минтақа афзуда ва гоҳе бо куштори якдигар меанҷомад. Ба таҳқиқи пулис, аз 35 ҳодисаи куштор дар соли гузашта – 16 мавридаш дар заминаи ҷанҷол ва хушунатҳои оилавӣ рух додааст.
"Агар чунин намекардем, оилаамон вайрон мешуд ё ба ягон бадбахтӣ рӯ ба рӯ мегардид"
Генерал Шариф Назарзода – сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд, рӯзи 10 мат гуфт, ки чунин хонаводаҳои “ноором”-ро мақомоти пулис ҳамроҳи намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва раҳбарони маҳаллаҳо пайдо ва сабтином кардаанд. Ӯ афзуд, “агар мо дар ҳамин самт кор кунем, тарғиботиву ташвиқот барем ва чораҳо биандешем, сатҳи ҷинояткорӣ, бахусус куштор, камтар хоҳад шуд.”
Ба қавли мусоҳиби мо, сабтиноми оилаҳои ҷанҷолӣ дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” роҳандозӣ шудааст, ки ҳоло давраи аввали он поён ёфтааст. Дар ин амалиёт 7 гурӯҳи кормандони пулис ва масъулони ҳукуматҳои маҳалливу сардорони маҳаллаҳо дар ба дари хонаи сокинон гашта, афрод ва оилаҳоро ба рӯйхат мегиранд, то ки минбаъд барои ислоҳи онҳо кор баранд.
Мақомоти пулис дар давоми ду ҳафта аз сокинон 145 арзу шикоят ҷиҳати ҳалли ҷанҷолу муноқиша ва хушунати оилавӣ ва баҳсҳои молу мулкӣ дастрас кардаанд ва ба баррасӣ гирифтаанд. Ҳамчунин, 164 ҳамсарони бо ҳам ҷанҷолиро оштӣ додаанд.
Шикоят аз болои шавҳар ба пулис
Муяссар Дадобоева, сокини шаҳри Хуҷанд, яке аз чунин занон аст, ки барои ислоҳи майхорагиву озори шавҳараш аз мақомот ёрӣ хостааст. Ӯ гуфт, “ҳар боре шароб менӯшад, гӯё аз ақл бегона шуда, маро мезанад ва аз хона пеш мекунад. То пулаш тамом шудан менӯшад. Баъди чанд рӯз ба худ меояд ва аз кардааш пушаймон шуда, маро боз аз хонаи модарам гирифта меорад. 2-3 соли охир ҳар сари чанд моҳ ҳамин рафтораш такрор мешавад."
Муяссар Дадобоева гуфт, ки бо ёрии мақомоту пулис шавҳарашро барои табобат ба дармонгоҳ бурдаанд, то аз майхорагӣ наҷот ёбад. "Агар чунин намекардем, оилаамон вайрон мешуд ё ба ягон бадбахтӣ рӯ ба рӯ мегардид", – афзуд ӯ.
Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, агар аҳли ҷомеа ба ҳам оянд ва ба дарду ғам ва мушкили якдиар бепарво набошанд, мешавад хушунат ва ҷанҷолҳои оилавӣ ва ҷинояткорӣ дар хонаводаро коҳиш дод. Созмони занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд чанд сол боз ба занони дучори хушунат ва зӯроварӣ ёрӣ мерасонад.
"Ҳама аз як гиребон сар бароранд"
"Ҳар боре шароб менӯшад, гӯё аз ақл бегона шуда, маро мезанад ва аз хона пеш мекунад. То пулаш тамом шудан менӯшад. Баъди чанд рӯз ба худ меояд ва аз кардааш пушаймон шуда, маро боз аз хонаи модарам гирифта меорад."
Сабоҳат Бобоҷонова, корманди масъули ин созмон гуфт, ҷабрдидаҳо асосан ба назди онҳо, кумитаи занон ва ё шуъбаи умури дохилӣ мераванд. "Бояд ҳама бар зидди зӯроварӣ дар оила аз як гиребон сар бароварда, кор барем. Ғайр ин, бояд тавассути расонаҳо алайҳи хушунат дар хонавода мубориза шавад. Чунки як сабаби асосии ҷой доштани хушунат дар оила ва ҷомеаи мо аз надонистани қонун ва ҳуқуқи худамон аст", - гуфт ин масъул.
Мусоҳиби мо афзуд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бисёре сокинон аз тарси муҳокимаву таънаи атрофиён мушкилоти оилавии худро пинҳон медоранд ва аз ёриву мадад хостан аз атрофиён шарм медоранд. Бархе ҳам бо андешаи онки хешону ҳамсояҳо ва мақомот аз бепарвоӣ мушкили онҳоро нодида мегиранд, аз ёрӣ хостан худдорӣ мекунанд. То замоне ки мушкили оилавӣ оқибати вазнин наорад ва сирри хона ба кӯча набарояд.