Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп имзои фармони нав дар бораи муҳоҷиратро, ки ба 1 март барномарезӣ шуда буд, ақиб андохт. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN бо такя ба намояндаи Кохи Сафед хабар дод.
Ба гуфтаи манбаи шабака, ин тасмим ба дунболи вокунишҳои мусбат ба суханронии рӯзи 28 феврали Трамп дар Конгресс гирифта шуд, зеро имзои фармон метавонист таассуроти хубро халалдор кунад. Манбаъ гуфтааст, ки фурсати муносиб барои имзои ин санад ҳоло фаро нарасидааст. Ба гуфтаи CNN, эҳтимол президент фармонро то охири ҳафтаи равон имзо кунад.
Қаблан матбуоти Амрико хабар дод, дар фармони нав шаҳрвандони 7 кишвар, ки фармони қаблӣ вуруди онҳоро ба ИМА манъ мекард, зикр шудаанд. Аммо санади нав вуруди паноҳандагони Сурияро ба таври доимӣ мамнӯъ намекунад ва Ироқ аз ин рӯйхат лағв мешавад.
Рӯзи 26 январ президенти Амрико Доналд Трамп дар робита ба мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ фармон имзо кард. Додгустари Сиетл ин фармонро, ки шаҳрвандони ҳафт кишвари асосан мусалмониро аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум мекард, дар додгоҳ ба чолиш кашид ва дастболо шуд. Маъмурияти Трамп аз рӯи қарори додгустар ба додгоҳи таҷдиди назар ариза дод, вале дар баҳс мағлуб шуд.