Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад ба мақоми раҳбари истихбороти миллӣ Русияро таҳдиди асосӣ унвон кард


Сенатори ИМА Дэн Коутс дар долони "Trump Tower" бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад. Рӯзи 30 ноябри соли 2016
Сенатори ИМА Дэн Коутс дар долони "Trump Tower" бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад. Рӯзи 30 ноябри соли 2016

Номзад ба мақоми раҳбари истихбороти миллии Амрико Дэн Коутс Русия, Чин ва Кореяи Шимолиро таҳдидҳои асосӣ барои Иёлоти Муттаҳида унвон кард. Ӯ назари худро дар ин бора рӯзи 28 феврал ҳангоми баррасии номзадияш дар ҷаласаи кумитаи истихбороти Сенат баён дошт.

Ба гуфтаи Дэн Коутс, дахолати Русия дар умури кишварҳои ҷаҳон мояи нигаронии ҷиддии ӯ шудааст ва инро бояд бо чашми боз ва дараҷаи муайяни шакку тардид баррасӣ кард.

Коутс, инчунин, қавл дод, ки аз бозҷӯии дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи Амрико пуштибонӣ хоҳад кард. Истихбороти Амрико Кремлро ба дахолат дар умури интихобот, ба хотири пирӯзии президент Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ муттаҳам мекунад. Иттиҳоме, ки Маскав онро қабул надорад.

Трамп борҳо гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ ба натиҷаи интихоботи моҳи ноябри сори 2016 таъсир надоштанд.

XS
SM
MD
LG