Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Кохи Сафед омодагӣ ба мулоқоти Трамп бо Путинро рад мекунад


ИМА - Президенти Амрико Доналд Трамп ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин. Вашингтон, 28 январи соли 2017.
ИМА - Президенти Амрико Доналд Трамп ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин. Вашингтон, 28 январи соли 2017.

Вашингтон ва Маскав ба мулоқоти президенти Амрико Доналд Трамп ва раҳбари Русия Владимир Путин омодагӣ надоранд. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манбае дар маъмурияти Кохи Сафед хабар дод.

Ин манбаъ суханони муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябковро рад кард, ки рӯзи 28 феврал ба Думаи давлатӣ гуфт, омодагӣ ба мулоқоти раисони ҷумҳур ҷараён дорад, аммо замон ва макони баргузориаш дақиқ нест.

Қаблан шабакаи телевизионии NBC дар бораи омодагии Путин ба мулоқоти Трамп гузориш пахш кард. Дар ин гузориш гуфта шуд, ки мушовирони раиси ҷумҳури Русия ва баъзе "ветеранҳои хадамоти дипломатӣ" барои иртиботи Путин бо Трамп тавсияҳо ва "портрети психологӣ"-и президенти ИМА-ро омода мекунанд.

Охири моҳи январ Дмитрий Песков, сухангӯи президент Путин ба хабарнигорон гуфт, мулоқоти раисони ҷумҳур қабл аз нишасти G20, ки ба 7-8 июн барномарезӣ шудааст, баргузор мешавад.

Гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин 28 январ сурат гирифт ва он дар Кохи Сафед ҳамчун "қадами назаррас дар равобити ИМА ва Русия арзёбӣ шуд, ки ба ислоҳ ниёз дорад".

XS
SM
MD
LG