Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз Маскав афви муҳоҷиронро хост. ВИДЕО


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Қасри миллат. Душанбе, 27 феврал.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Қасри миллат. Душанбе, 27 феврал.

Душанбе ба Маскав пешниҳод кард, ки ҳукми ихроҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон аз ва ба қаламрави Русия, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурии сабук доранд, бозбинӣ шуда ва ин тоифаи шаҳрвандон мавриди афв қарор бигиранд.

Ин пешниҳод дар мулоқоти сатҳи олии мақомоти Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи 27 феврал бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар "Қасри миллат"-и Душанбе сурат гирифт, баён шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 270 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ҳаққи

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 270 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд.

вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд.

Мақомоти Русия низ дар охири моҳи январи имсол расман гуфтанд, ки масъалаи афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро баррасӣ доранд, аммо рақами хосе дар ин замина ироа нашуда буд. Игор Шувалов – муовини дар рӯ ба рӯи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, "ба онҳое, ки қонуншикании ҷиддӣ накардаанд, ягон механизми соддатар пешбинӣ мекунем."

Игор Шувалов.
Игор Шувалов.

Дар изҳороти муштараки руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия низ ба такмили механизҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини шароити мусоиди иҷтимоӣ барои муҳоҷирон ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон барои кор дар Русия, ишора шудааст.

Аввали моҳи феврал сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо Александр Горовой – муовини аввали вазири умури дохилии Русия рӯзи 8 феврал имкони иҷозати дубораи вуруди муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кард. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки барои аз 14 то 68 ҳазори онҳо ҳукми афв татбиқ шавад. Русия барои беш аз як миллион сокинони Тоҷикистон ба макони аслии кору даромад табдил шудааст.

РУСИЯ Душанбе аз Маскав афви муҳоҷиронро хост.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Русия дар Тоҷикистон 20 мактаби нав бунёд мекунад

Дар бахши фарҳанг ва илму маориф ҷониби Тоҷикистон хостори бунёди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши фарохтари забони русӣ, ҷудо кардани квотаҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуд.

Русия ният дорад дар Тоҷикистон 20 мактаб бо забони русӣ, бунёд кунад.

Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия дар ҳошияи ин мулоқотҳо ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш ният дорад дар Тоҷикистон 20 мактаб бо забони русӣ, бунёд кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Шувалов, то ба ҳол сармояи ин мактабҳо мушаххас нашудааст ва қарор аст дар музокироти гурӯҳҳои корӣ он муайян шавад.

Амнияти минтақа

Дар изҳороти муштараки худ, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия ба тавсеи ҳамкориҳо дар бахши амният ва ҳамоҳангӣ дар муқобила бо таҳдидҳо аз ҷануб, таъкид карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин талошҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Пойгоҳи 201-и низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро омили муҳими амнияти минтақа гуфтанд. Тоҷикистон ва Русия ҳамчунон гуфтаанд, ки ҳамкориҳои худро дар бахши низомӣ ва низомӣ-техникӣ, амиқтар мекунанд.

Тоҷикистон ва Русия ҳамзамон аз азми худ ба таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддира, аслиҳа ва дигар чолишҳое, ки амнияти минтақаро таҳдид мекунанд, хабар доданд. Русия ва Тоҷикистон борҳо нигаронии худро аз ҳузури ҷангиён дар шимоли Афғонистон изҳор намуда ва марзҳои ҷанубии худро осебпазир медонанд.

Имзои шаш санад миёни Русия ва Тоҷикистон

Пас аз анҷоми музокироти байнидавлатӣ ва изҳороти муштараки ду президент, миёни ду кишвар 6 санад дар бахшҳои кору муҳоҷират, ҳифзи муҳити зист, истифода аз энержии атомӣ, алоқаи почта, Барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои хориҷаи ин ду кишвар дар соли 2017 ва ёддошти байниидорӣ оиди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва варзиш, имзо шуданд.

Медали Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

Маросими истиқболи расмӣ аз президенти Русия дар "Қасри миллат" баргузор шуд ва пас аз мулоқоти як ба яки ду президент, Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон "барои саҳми бузург ва талошҳои созанда иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия," мукофоти олии он кишвар -- "Ордени Александр Невский"-ро супурд​.

Истиқболи Владимир Путин дар Қасри Миллат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

Сафари кӯтоҳи Путин ба Тоҷикистон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баъд аз зуҳри душанбеи 27 феврал дар раъси як ҳайати баландпоя ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, вориди Тоҷикистон шуд. Владимир Путинро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар афроди расмӣ истиқбол карданд.

​Ба иттилои Кремл, Владимир Путинро дар ин сафар генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, Сергей Донской, вазири захираҳои табиӣ ва экология, Максим Топлин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Алексей Лихачёв, роҳбари “Росатом”, Александр Фомин, муовини вазири мудофиа ва дигар мақомоти расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.

Путин ба Пойгоҳи 201 меравад

Раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни дидораш аз Душанбе аз пойгоҳи низомии ин кишвар, ки ба гуфтаи мақомоти Русия “омили муҳими субот ва амният дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад”, дидан хоҳад кард. Субҳи сешанбеи 28 феврал, Владимир Путин аз Душанбе озими Бишкек, пойтахти Қирғизистон хоҳад шуд.

Русия худро шарики муҳими сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Азимтарин пойгоҳи низомии хориҷии он бо 7 ҳазор сарбозаш дар Қӯрғонтеппа ва тамрингоҳи Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгиранд. Ҳаҷми сармоягузориҳои ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар аст. Азимтарин тарҳҳо - нерӯгоҳи «Сангтӯда 1», ширкатҳои мобилии "Мегафон" ва "Таком" (Билайн) мебошанд.

Бино ба иттилои вазорати рушди иқтисод ва саводи Тоҷикистон, дар ду соли ахир гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия поин рафта ва дар соли гузашта ҳаҷми умумии он 60,16 миллиард рубл ё андаке бештар аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондодҳои соли 2015, 6,3 дарсад камтар будааст. Ин манбаъ гуфтааст, бо ин вуҷуд Русия аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта ва саҳми ин кишвар дар тиҷорати берунии Тоҷикистон 26,4 дарсадро ташкил медиҳад.​

XS
SM
MD
LG