Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Саппоро


Рӯзи 19 феврал дар шаҳри Саппорои Ҷопон маросими ифтитоҳи Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ баргузор шуд. Дар ин бозиҳо, ки дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Ҷопон то рӯзи 26 феврал идома хоҳанд кард, беш аз 1500 варзишгар аз 30 кишвар ширкат меварзанд.

Дар маросими пуршукӯҳи кушодашавии бозиҳо, ки рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи “Саппоро – доум” барпо гардид, шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё, Нарухито, шоҳзодаи валиаҳди Ҷопон, роҳбарони ҳайатҳои варзишии кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо, варзишгарон, мураббиёну доварон, намояндагони васоити ахбори умум ва тамошогарон иштирок намуданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо оид ба 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек - баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Баҳриддин Ғоибов, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Соҳибназари Турсунмурод дохиланд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи хурд ва слаломи бузург ширкат хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон имкони иштирок дар ин бозиҳоро пайдо намуданд, ба ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ дар Маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафед-Дара”-и ноҳияи Варзоб омодагӣ гирифтаанд.

Бояд тазаккур дод, барои севумин бор аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мешавад. Аз ин пеш солҳои 1986 ва 1990 дар ин ҷо Бозиҳои зимистонаи қитъавӣ баргузор шуда буданд. Дар Саппоро соли 1972 Бозиҳои XI зимистонаи олимпӣ низ доир шудаанд. Саппоро, ҳамчунин мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2002-юм буд.

XS
SM
MD
LG