Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Шафиевро аз зери тарма наҷот доданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як ронандаро аз зери тарма наҷот додаанд. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз мошини тамғаи "Ниссан" дар километри 71-уми шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе зери тарма монд ва бо талоши наҷотбахшон ронанда Бахтиёр Шафиеви 47-сола наҷот дода шуд. Умеда Юсуфова гуфт, ки наҷотбахшон баъд аз занги телефонии ин ронанда аз дохили мошин дар зери тарма, ба ёрӣ шитофтанд ва ӯро наҷот доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ба ин ронанда кӯмаки тиббӣ расонида шудааст ва дар ҳоли ҳозир вазъи ӯ хуб мебошад.

Бахтиёр Шафиев сокини шаҳри Хуҷанд мебошад ва дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соатҳои тақрибан 1-и имрӯз, замоне ки аз айвон ва ё галлерея берун мешуд, бо резиши тарма рӯбарӯ шуд ва мошинаш зери тарма монд. Вай гуфт, ки бо истифода аз телефони дастиаш вориди интернет шуд ва аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кумак хост.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш кардааст, ки то 18 феврал аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, зерот рӯзҳои оянда имкони фаромадани тарма вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG