Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: Феълан масъалаи вуруди Тоҷикистон ба ЕВРАЗЭС матраҳ нест


Як манбаи наздик ба доираҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Русия гуфт, ки феълан дар барномаи сафари Владимир Путин ба Душанбе масъалаи вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё ЕВРАЗЭС матраҳ нест. Ин манбаъ рӯзи 9 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сафари Путин рӯзи 28 феврал дар доираи боздидаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат хоҳад гирифт. "Ин чизе ҳаст, ки то кунун дақиқ шудааст, вале то замони сафар ҳанӯз фурсат ҳаст", - афзуд мусоҳиби мо.

Вай гуфт, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон асосан созишномаҳо дар умури муҳоҷират ва ҳамкории иқтисодӣ имзо хоҳанд шуд. Русия солҳо боз аз Тоҷикистон даъват дорад, ки ба созмони иқтисодии зери нуфузи ӯ шомил шавад. Вале Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст, бахусус таҷрубаи Қирғизистони ҳамсояро, ки як сол боз узвияти ин созмонро дорад.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам дар охири моҳи январи имсол гуфта буд, ки то кунун масъалаи вуруди Тоҷикистон ба ЕВРАЗЭС ниҳоӣ нашудааст. Бо ин ҳол, дар остонаи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон гуфтумонҳое дар бораи эҳтимоли мувофиқати Душанбе барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ба гӯш мерасад.

Дар бораи нияти боздиди Путин аз Тоҷикистон охирҳои моҳи январ Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод. Вай гуфт, ки “мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.” Владимир Путин бори охир моҳи сентябри соли 2015 ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон омада буд.

XS
SM
MD
LG