Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қолинҳои тоҷикӣ ба ҷойи қолинҳои форсиву туркӣ. ВИДЕО


Сӣ дар сад боло бурдани боҷи гумрукӣ барои воридоти қолину гилем ба Тоҷикистон, воридоти қолинро камтар кардааст.

Сӣ дар сад боло бурдани боҷи гумрукӣ барои воридоти қолину гилем ба Тоҷикистон, воридоти қолинро камтар кардааст. Аз сабаби кам шудани воридоти маҳз қолину гилем соли 2016 буҷаи Тоҷикистон ҳам 3 миллион доллар боҷи гумрукӣ камтар гирифтааст.

Мақомот мегӯянд, барои дастгирӣ кардани тавлидкунандагони дохилӣ боҷи гумрукиро аз 15 то 30 дар сад боло бурданд ва тасмимашон барои манфиат дар дарозмуддат барои иқтисоди Тоҷикистон аст.

Ба хотири он ки дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсоли қолинҳо ба роҳ монда шудааст, як дараҷа ба хотири дастгирии истеҳсолкунандагони дохилӣ, боҷи гумрукии маҳсулоти қолиниро то 30 фоиз баланд бардоштем- мегӯяд Хуршед Каримзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Ӯ дар ин бора ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат кард.

Қолинҳои тоҷикӣ ба ҷойи қолинҳои форсиву туркӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

​Тоҷирон ва воридкунандагони қолинҳо мегӯянд, пас аз боло бурдани боҷ аз хориҷи кишвар тақрибан қолин ворид намешавад. Сафаралӣ Раҳматшоев яке аз онҳост, ки бештар аз 10 сол ба тиҷорати қолин машғул аст ва соли гузашта аз ворид кардани қолинҳои туркиву эронӣ даст кашид. “Боҷи гумрукӣ аз пешина то ҳозир як баробар қиммат шудааст. Барои ҳамин аз Туркия бор намеорем. Муштариёне ҳастанд, ки аз қолинҳои туркии босифат, мехоҳанд, вале дигар надорем.” мегӯяд Сафаралӣ Раҳматшоев

Қолинҳои Қайроқум ҳам зебо ҳастанд, аммо сифати қолинҳои эронӣ баландтар аст.

Сафаралӣ ҳоло ҳамон қолинҳоеро мефуршад, ки барвақт харида буд. Мехоҳад, роҳи осонтару муфидтар барои воридоти қолинҳои баландсифат пайдо намояд. “Бори охир як маротиба аз Узбакистон қолинҳои туркиро ворид кардем. Чунки харҷи роҳаш нисбат ба Туркия камтар аст ва барои мо сабуктар меафтад”- мегӯяд, ӯ.

Тоҷирон мегӯянд, ҳарчанд қиммати қолину гилем бо арзи хориҷӣ тақрибан боло нарафтааст, аммо ба сабаби беқурбшавии пули миллӣ арзиши қолинҳо бо сомонӣ баландтар шудааст.

Қолинҳои тоҷикӣ хубанд, аммо...

Ҳар сол дар Тоҷикистон барои дастгирии тавликунандагони қолинҳо дар дохил намоишгоҳҳо баргузор мешавад, аммо аксари мардум боз ҳам ба қолинҳои воридотӣ аз Эрону Туркия бартарӣ медиҳанд.

“Бисёр қолинҳои эронӣ ба мо маъқул аст, чунки дер мепояд, аз мо зуд нахаш хӯрда мешавад. Қолинҳои Қайроқум ҳам зебо ҳастанд, аммо сифати қолинҳои эронӣ баландтар аст", мегӯяд, Моҳбӣ Сафарова, сокини Душанбе.

Дар Тоҷикистон бар изофаи корхонаи қолинбофии маъруфи Қайроққум ду корхонаи дигар дар Душанбе фаъолият доранд. Аммо маҳсулоти ҳарсе корхона ҳанӯз ҳам натавонистааст, ҷойи қолинҳои эрониву туркиро бигиранд.

XS
SM
MD
LG