Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА эътирозҳо зидди фармонҳои ахири Трамп шиддат меёбанд


Дар ИМА даҳҳо ҳазор одам барои изҳори нигаронӣ дар робита ба фармони ахири президент Доналд Трамп, ки вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишинро ба Амрико манъ мекунад, ба кӯчаву фурудгоҳҳо баромадаанд.

Ин ҳамоишҳои эътирозӣ дар Ню-Йорк, Вашингтон ва Бостон замоне ташкил шуданд, ки марзбонони ИМА ба иҷрои дастурҳои ахири президент Доналд Трамп пардохтанд. Мавҷи эътирозгарон то ба ғарби ИМА низ паҳн шудааст.

Дар пайи имзои фармони Трамп, ки вуруди шаҳрвандони Сурия, Ироқ, Сомалӣ, Судон, Либия, Яман ва Эронро ба ИМА манъ мекунад, садҳо мусофир ҳангоми вуруд ба фурудгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида боздошт ва ё ихроҷ шуданд.

Яке аз бузургтарин ҳамоишҳои эътирозӣ дар боғи Баттерии Манхэттени поён баргузор шуд, ки аз онҷо муҷассамаи Озодӣ ва бандари Ню-Йорк - рамзи қабули муҳоҷирон ба соҳилҳои ИМА намоён аст.

Шумори роҳпаймоие, ки аз назди бинои хадамоти гумрук ва марзбонии Манхэттени поён гузашт, ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасид. Дар майдони Лафайетти Вашингтон, дар рӯбари Кохи сафед низ ҳазорҳо одам гирди ҳам ҷамъ омаданд, ки дар даст шиорҳои "На ҳаросе асту на биме, хӯш омадед муҳоҷирон!"-ро доштанд.

Ин бори дувум аст, ки Вашингтон дар рӯзҳои ахири истироҳати ҳафта шоҳиди тазоҳурот мешавад. Рӯзи шанбеи гузашта садҳо ҳазор зан низ зидди Трамп даст ба тазоҳурот зада буданд.

XS
SM
MD
LG